Марг – Рисолаи Нур

Далелҳо барои исботи Паёмбар будани Муҳаммад (с.а.в)…
ИШОРАИ СЕЮМ

Мӯъҷизаҳои Паёмбар (с.а.в), хело зиёду гуногун мебошанд ва ин ба сабаби он аст, ки рисолати ӯ умумӣ буда, тамоми оламиёнро дар бар мегирад. Аз ҳамин сабаб аст, ки мӯъҷизаҳои ӯ дар бештарин намудҳои коинот дида мешуд. Мо барои бештар тавзеҳ додани ин масъала чунин мисол меорем, ки агар сафири бузургворе аз назди подшоҳи бузурге ба зиёрати шаҳре биёяд, ки пур аз инсонҳои гуногун бошад ва ин сафир бо худ барои аҳолии ин шаҳр ҳадяҳои пурарзиш оварда бошад, пас ҳар тоифа барои вохурӣ ва пешвози ин сафир аз номи қабила намоянда мефиристад, то аз номи онҳо меҳмонро хайрамақдам гӯяд.

Ҳамчунин вақте бузургтарин сафири подшоҳи азалӣ ин оламро бо қудуми худ мушарраф гардониду онро мунаввар сохт ва ӯ ҳамчун намояндаи Парвардигори оламиён ба тарафи аҳли замин омаду бо худ ҳадяҳои маънавӣ ва ҳақиқатҳои мунавваре овард, ки ба ҳақиқати тамоми олам тааллуқ доранд, аз ҳар гуна тоифа махлуқот омада, ӯро бо забони хоси худ хайрамақдам гуфтанд ва дар ҳузури эшон ҳар тоифа мӯъҷизаи тоифаи худро барои тасдиқи ӯ ба намоиш гузоштанд ва ӯро «Хушомадед» гуфтанд. Тамоми махлуқот аз санг шурӯъ намуда, то Моҳ, Офтоб ва ситорагон гӯё ҳама ба забони ҳоли худ такрор менамуданд, ки биъсати ту муборак ва ҳумоюн бод!

Баҳси ин ҳама мӯъҷизаҳо ниёз ба чандин муҷаллад китобҳо дорад, зеро онҳо хело зиёду гуногун мебошанд. Олимони пок дар тафсилоти ин мавзӯъ ва барои далелҳои исботи Паёмбар будани ӯ (с.а.в) чандин ҷилд китобҳои бузург таълиф намуданд, вале мо дар ин ҷо аз миёни ин ҳама мӯъҷизаҳои зиёд ба тариқи мухтасар ба баъзе мӯъҷизаҳое, ки қотеъона ва яқинан ба мо расидаанд, мепардозем ва ба он иктифо мекунем.

Далелҳо барои исботи Паёмбар будани Муҳаммад (с.а.в) ду намуд мешаванд:

Якум. Ҳолатҳое, ки он бо номи ирҳосот машҳур мебошанд ва он иборат аз ҳамон ҳодисаҳои ғайриоддиест, ки ҳангоми таваллуд ва ё пеш аз биъсати Паёмбар (с.а.в) рух додаанд.

Дуюм. Дигар намуд далелҳои Паёмбар(с.а.в). Ин намуд боз ба ду қисм тақсим мешавад:

а) Корҳои ғайриоддие, ки баъди Паёмбар (с.а.в) рух додаанд ва ба рост будани Паёмбарии ӯ (с.а.в)  далолат мекунанд.

б) Корҳои ғайриоддие, ки дар замони ҳаёти мубораки ӯ (с.а.в) рух доданд ва ин қисм боз ду намуд мешаванд:

1) Он чи аз даелҳои Паёмбар  дар (с.а.в) шахсият, рафтор, сурат, ахлоқ ва камоли ақли ӯ дида мешавад.

2) Он корҳои ғайриоддие, ки берун аз зоти поки ӯ дар фазо ва олам рух додааст. Ин боз ба ду намуд ҷудо мешавад:

а) Мӯъҷизаҳое, ки ҳангоми даъвати Паёмбар (с.а.в)  рух додааст ва ин кор барои шикастани саркашии кофирон ва ё барои пурқуввват гардидани имони муъминон рух додааст, ба монанди дупора гардидани Моҳ, ҷорӣ шудани об аз миёни ангуштони шарифашон, сер гардонидани гурӯҳи зиёде бо андак таом, ба сухан омадани ҳайвонот, дарахтон ва сангҳо ва ҳамчунин мисолҳои дигаре, ки теъдодашон ба бист мерасад ва ҳамаи инҳо ба дараҷаи тавотури маънавӣ мерасанд ва барои ҳар намуди он метавон чандин  намуна овард.

б) Ҳодисаҳоеро, ки Паёмбар  (с.а.в) пеш аз ба вуқӯъ омаданашон бо кумаки Парвардигор дар бораи онҳо хабар дода буд ва дере нагузашта ин ҳодисаҳо, ба ҳамон тавре ки ӯ хабар дода буд, ба вуқӯъ омаданд.

Акнун мо аз ҳамин қисми охир суханро оғоз мекунем, то ба ҳамин тариқ ба силсилаи феҳрасти умумӣ бирасем.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ

Ҳикмати шикасти асҳоби Фахр-ул Оламин ва Ҳабиби Рабб-ул Оламин Ҳазрати Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом…
Як саволи муҳим: Ҳикмати шикасти асҳоби Фахр-ул Оламин ва Ҳабиби Рабб-ул Оламин Ҳазрати Расули Акрам алайҳиссалоту вассалом дар муқобил бо мушрикин дар интиҳои Уҳуд ва ибтидои Ҳунан чист?

Алҷавоб: Дар миёни мушрикони он замон шахсони зиёде ба монанди Ҳазрати Холид буданд, ки дар оянда бо бузургони Саҳоба ҳамсаф мешуданд, бо таваҷҷӯҳ ба ояндаи пурифтихори онон ва барои ин ки иззаташон тамоман аз байн наравад, ҳикмати Илоҳӣ дар ивази ҳасаноти оянда, мукофоташонро бо таъҷил ба онҳо дод ва монеъ шуд, ки иззаташон тамоман аз байн равад.

Пас гуфта мешавад, Саҳобаҳои замони мозӣ (гузашта) мағлуби Саҳобаҳои замони истиқбол шуданд то Саҳобаҳои истиқбол, на бар асари тарс аз барқи суюф (шамшерҳо), балки бо шавқи мушоҳидаи бориқаи ҳақиқат вориди даргоҳи Ислом шаванд ва шаҳомати фитрии онҳо дучори зиллати чандоне нагардад.

Аз куллиёти Рисоли Нур

Саъид Нурсӣ

Саҳрои сарсабзу пур аз гул низ, нишонае аз сатҳи замин дар фасли баҳор аст…
СУРАТИ ДАҲУМ

Биё, имрӯз, наврӯзи султонист.[1] Ба ин муносибат, дигаргуниҳо рух дода ва корҳои аҷиб мешавад. Пас биё дар ин рӯзи зебои баҳорӣ, ба ин саҳрои сарсабзе ки пур аз гулҳои зебост, биравему тафриҳ кунем.

Бубин, ки аҳолӣ низ, ба ин тараф меоянд. Бубин, кори сиҳрангезе рух медиҳад. Он сохтмонҳо, ногаҳон фурӯ рехта ва як шакли дигар ба худ гирифтанд. Бубин, як мӯъҷиза ҳаст. Он сохтмонҳои фурӯрехта, яку якбора дар ин ҷо бино гардиданд. гӯё ин биёбони холӣ, ба як шаҳри маданӣ табдил шуд. Бубин, ҳамчун пардаҳои синамо, дар ҳар соат олами дигареро нишон медиҳад ва шакли дигар ба худ мегирад. Ба ин амр диққат кун, ки дар байни ин ҳама пардаҳои ҳақиқии мухталиту сареъ ва фаровон, чӣ як интизоми комил вуҷуд дорад, ки ҳар чиз дақиқан, дар маҳали муносибаш гузошта мешавад. Пардаҳои синамои хаёлӣ низ, наметавонанд ба ин андоза мунтазам бошад. Миллионҳо соҳири моҳир низ, наметавонанд ин санъатҳоро бисозанд. Маълум мешавад, он подшоҳе ки аз чашми мо ниҳон аст, мӯъҷизаҳои бузург дорад.

Эй сарсом! Ту мегуӣ: Чигуна ин мамлакати бузург, тахриб шуда ва дар ҷойи дигар таъсис мешавад?

Магар намебинӣ, ки дар ҳар соат, инқилобҳо ва дигаргуниҳои зиёде ҳамчун он табдили макон рух медиҳад, ки ба ақли ту намегунҷад. Аз ин ҷамъ шудану пароканда шудан ва аз ин авзоъу афъол, фаҳмида мешавад ки дар ин ҷамъ шудану пароканда шуданиҳо ва ташкилоту тахриботи сареъ, мақсаду ҳадафи дигаре вуҷуд дорад. Барои иҷтимоъи як соата, ба андозаи даҳ сол масраф мешавад. Пас, ин вазъиятҳо мақсуди биззот нестанд. Балки, як тамсилу тақлиданд, ки подшоҳ, бо як мӯъҷиза анҷом медиҳад. ҳадаф аз он тасвир бардорӣ ва таркиби онҳо ва ҳифзи натиҷаҳову навиштани онҳост – ҳамон тавре, ки дар майдони монур ва имтиҳони ӯ, ҳар чиз навишта ва ёддошт мешавад-. Маълум мешавад, ки дар як гирдиҳамоии бузург, бар бунёди ҳамин ёддоштҳо, муомила мешавад. ва низ, дар як намоишгоҳи азим, ба таври ҳамешагӣ, ба намоиш гузошта мешавад. Пас бояд гуфт, ки ин авзоъу афъоли муваққатию нопойдор, суратҳои собиту меваҳои доимӣ, бабор меоранд.

Пас ин маросимҳо, барои як саодати азим, як додгоҳи бузург ва ҳадафҳои волоест, ки мо намедонем.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

[1] Рамзи ин суратро дар “Ҳақиқати нӯҳум” хоҳӣ дид. Барои мисол: Наврӯз, ба фасли баҳор ишора мекунад. Саҳрои сарсабзу пур аз гул низ, нишонае аз сатҳи замин дар фасли баҳор аст. Пардаҳову манзараҳо низ, ишора мекунад ба табақаҳои мухталифи мавҷудоти баҳорӣ ва дастаҳои гуногуни фурӯовардаҳои тобистон ва рӯзии инсонҳову ҳайвонот ки Сонеъи Қадири Зулҷалол ва Фотири Ҳакими Зулҷамол, онҳоро аз оғози фасли баҳор то интиҳои тобистон, бо камоли назм, тағйир медиҳад ва бо камоли раҳмат, нав месозад ва ба сурати пай дар пай, мефиристад.

Бигӯ: “Ҳамон, ки онҳоро нахустин бор иншо кард ва ҳаёт бахшид, ҳам ӯ хоҳад офарид.”…
БАХШИ ЧОРУМИ ПАЙВАСТ

قَالَ مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ وَهِىَ رَمِيمٌ قُلْ يُحْيِيهَا الَّذِى اَنْشَاَهَا اَوَّلَ مَرَّةٍ وَهُوَ بِكُلِّ خَلْقٍ عَلِيمٌ[1]

Яъне, инсон мегуяд: “Кӣ метавонад, ин устухонҳои пӯсидаро зинда кунад?” Бигӯ: “Ҳамон, ки онҳоро нахустин бор иншо кард ва ҳаёт бахшид, ҳам ӯ хоҳад офарид.”

Тавре, ки дар мисоли сеюми Ҳақиқати Нӯҳуми Гуфтори Даҳум омада буд:

Агар шахсе дар пеши чашмони мо дар зарфи як рӯз, як лашкари бузургеро ташкил диҳад, ва ба ту гуфта шавад, ки: “ин шахс метавонад  лашкари хурдеро ки сарбозони он барои истироҳат, мутафарриқ гаштаанд, бо як шайпур гирди ҳам оварад ва ҳамаро дар таҳти низом қарор диҳад” аммо ту гӯйи: Не ман бовар намекунам! Оё ин ҷавобу инкори ту ҳамоқату девонагӣ нест?

Инчунин, Зоте ки ҷасадҳои лашкаргунаи ҳамаи ҳайвонот ва мавҷудоти зиндаро ки ба як лашкар шабоҳат доранд, аз ҳеч ба вуҷуд оварда ва зарроту латоифи он ҷасадҳоро бо як назми комилу мизони ҳакимона, ба дастури

кун фаякун, сабт намуда ва дар он ҷасадҳо ҷобаҷо кардааст ва дар ҳар қарн, ҳатто дар ҳар баҳор, анвоъи мавҷудоти зиндаро ки ба як лашкар монанд аст, ҳамроҳ бо тоифаҳову дастаҳои гуногунашон дар сатҳи замин меофарад. Оё дар мавриди чунин як Зоти қадиру алим ин саволро метавон матраҳ карду гуфт ки: Ӯ чигуна метавонад зарроти асосӣ ва аҷзои аслиро, ки таҳти низоми ҷасаде, ки ба як фирқа монанд аст, даромада ва якдигарро шинохтаанд, бо як сиҳҳаи сури Исрофил гирди ҳам орад?! Оё метавон чунин кореро аз ӯ баъид донист?! Оё ин истибъод, як ҳамоқату девонагӣ нест?!

Пас, гоҳо Қуръони карим афъоли аҷиби илоҳиро дар дунё ёдовар мешавад, то зиҳнҳоро ба тасдиқ ва қалбҳоро ба қабул намудани афъоли хориқулодаи ӯ дар охират ҳозиру омода намояд.  Дар мавридҳое низ, афъоли аҷиби илоҳиро, ки дар оянда ва дар охират рӯх медиҳад, ба як сурат зикр мекунад, ки мо бо мушоҳидаи назирҳои мутааддиди онҳо, ба бовару итминони комил мерасем. Масалан:

اَوَ لَمْ يَرَ اْلاِنْسَانُ اَنَّا خَلَقْنَاهُ مِنْ نُطْفَةٍ فَاِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُبِينٌ[2] то поёни сураи Ёсин. Қуръони ҳаким қазияи ҳашрро мавриди баҳс қарор дода, бо ҳафт – ҳашт сурати мухталиф, иқомати далел мекунад ва ба исботи он мепардозад.

Аввалан, нашъаи якумро матраҳ намуда ва дар маърази намоиш қарор дода мегуяд: Шумо марҳалаҳои офариниши худро аз нутфа то алақа ва аз алақа то музға ва аз музға то офариниши инсон, мебинед. Пас, чигуна нашъаи ухроро инкор мекунед, ки ин ҳам мисли қаблӣ, ҳатто осонтар аз он аст?

Сипас бо اَلَّذِى جَعَلَ لَكُمْ مِنَ الشَّجَرِ اْلاَخْضَرِ نَارًا[3] ба неъматҳову эҳсонҳои бузургаш ба инсон ишора карда, мегуяд: Зоте, ки чунин неъматҳоро ба шумо арзонӣ доштааст, ҳаргиз шуморо ба ҳоли худатон раҳо намекунад, то ба қабр дохил шавед ва барои ҳамеша дар онҷо бихобеду бедор нашавед.

Дар идома, рамзан мегуяд: Шумо зиндаву сарсабз шудани дарахтони мурдаро мебинед, пас чаро зинда шудани устахонҳои ҳезуммонандро баид медонед ва бо дарахт муқоиса намекунед? Оё Зоте, ки осмонҳову заминро офаридааст, аз зинда сохтану миронидани инсоне, ки меваи осмонҳову замин аст, оҷиз хоҳад монд? Оё мумкин аст идоракунандаву парваришдиҳандаи дарахт, меваи онро аҳамият надода, ба дигарон раҳо кунад? Оё гумон мекунед, ки ӯ дарахти офаринишеро ки ҳамаи аҷзои онро боҳикмат саришта намудааст, беҳуда раҳо созад ва меваҳову натиҷаҳои онро аҳамият надиҳад?

Пас Зоте, ки шуморо дар ҳашр зинда месозад, чунон зотест, ки ҳамаи коинот ба манзалати сарбози гӯш ба фармони ӯст. Дар баробари фармони кун фаякун бо камоли фармонпазирӣ, сар фурӯд меорад. Ва офаридани баҳор ба андозаи офаридани як гул, барояш осон аст. Ва бар қудраташ эҷоди ҳамаи ҳайвонот, ба андозаи эҷоди як магас, осону саҳл аст. Пас, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон бо пурсиши مَنْ يُحْيِى الْعِظَامَ қудрати чунин Зотро оҷиз шуморид ва зери савол бурд!

Баъд аз он, бо таъбири فَسُبْحَانَ الَّذِى بِيَدِهِ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيْءٍ[4] баён медорад, ки: Зимоми ҳар чиз дар дасти ӯст. Ва калиди ҳар чиз дар назди ӯст. Ва шабу рӯз, замистону тобистонро ҳамчун саҳифаҳои як китоб ба осонӣ варақ мезанад. Ва дунёву охират дар назди ӯ, ҳамчун ду манзиланд. Инро мебандаду онро боз мекунад. Вақте чунин бошад, натиҷаи ҳамаи ин далелҳо ин аст: وَ اِلَيْهِ تُرْجَعُونَ яъне: Ӯ шуморо аз қабр зинда мекунад ва ба ҳашр меорад ва дар ҳузури кибриёияш ба ҳисоби шумо мерасад.

Бад-ин тартиб, ин оятҳо, зеҳнро ба қабули ҳашр муҳаё намуд ва қалбро барои пазируфтани он, ҳозир месозад. Чунки назираҳои онро бо афъоли дунявӣ нишон дод.

Низ, гоҳо Қуръони ҳаким афъоли ухравиро ба шакле зикр мекунад, ки назираи дунявии онҳо эҳсос ва қобили ҳис кардан бошад, то маҷоле барои истибъоду инкор, боқӣ намонад. Масалан:

اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ ило охириҳи…

ва اِذَا السَّمَاءُ انْفَطَرَتْ ило охириҳи

ва اِذَا السَّمَاءُ انْشَقَّتْ ило охириҳи

Аз инру, дар ин сураҳо, инқилоботи азим ва тасарруфоти Раббониро дар ҳашру қиёмат, ба чунон шевае зикр мекунад, ки қалб дучори тарсу ваҳшат мешавад ва ақл дар ҳайрат мемонад. Аммо чун инсон назоири онро дар тирамоҳу баҳор дидааст, баосонӣ қабул мекунад. Аз онҷое, ки тафсири ин се сура ба дарозо мекашад, ногузир як калимаро ҳамчун намуна мавриди баҳс қарор медиҳем.

Масалан: اِذَا الصُّّحُفُ نُشِرَتْ ин матлабро мерасонад, ки дар ҳашр, тамоми аъмолу кирдори ҳар кас, бар як саҳифа навишта ва пахшу нашр мегардад. Ин масъала худ бахуд бисёр аҷиб аст. Аз инру, ақл наметавонад ба он роҳ ёбад. Аммо онгуна, ки сура низ, ишора мекунад, ҳамон тавре, ки назоири ҳашри баҳор дар дигар масъала қобили руъят аст, пас назири ин нашри суҳуф низ, возеҳу равшан аст. Ва ибодоту тасбеҳот низ дорад. Ба шакле, ки ба василаи ин ибодатҳо асмои ҳуснои илоҳиро нишон медиҳад. Аз ин ру, ҳамаи ин аъмол, ҳамроҳ бо таърихи зиндагии вай, дар базру тухмиаш навишта шудааст ва дар баҳори дигар ва замини дигар, берун меояд. Яъне, онгуна ки ҳар дарахт бо забони шаклу сурате, ки нишон додааст, аъмоли модарону усулашро бо фасоҳати комил, ёдоварӣ мекунад, бо шохаҳову баргҳо ва гулҳову меваҳояш низ, саҳифаҳои аъмоли худро мунташир месозад.

Бале, касе ки дар пеши чашмони мо, ин корро ҳакимона, ҳафизона, мудаббирона, мураббиёнаю латифона, анҷом медиҳад. Ӯст, ки мегуяд: اِذَا الصُّّحُفُ نُشِرَتْ Нуқтаҳои дигарро ба ин қиёс кун, агар метавонӣ, истинбот намо. Ва барои инки кӯмаке ба ту карда бошем اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ -ро низ, ба ту хоҳем гуфт. ин ҷумла бо лафзи “куввират” ки ба маънӣи дарҳам печидану ҷамъ кардан аст, зимни ишора ба як мисоли равшан, ба назиру монанди он дар дунё низ, ишорае дорад.

Якум инки: Худованди субҳон пардаҳои адаму асир ва саморо бардошт, ва чароғе ҳамчун офтобро ки дунёро равшан мекунад аз хазинаи раҳматаш берун овард ва ба дунё нишон дод. Пас аз баста шудани дунё, ин чароғро бо пардаҳояш печонида, мебардорад.

Дуюм: Офтоб маъмуру муваззаф аст, то субҳгоҳон матоъи равшанеро биафшонад ва шомгоҳон онро барчинад. Бад-ин тартиб, шабу рӯзро яке пайи дигарӣ, бар сари замин бигустаронад. Ин маъмур, ҳар шаб матоашро ҷамъ мекунад ва муомилоташро коҳиш медиҳад. Гоҳо пардае аз абр, сабаби камшудани доду гирифташ мегардад. Ва дар баъзе мавридҳо, моҳ низ ҳамчун пардаю ниқоб, рӯйи онро мепӯшонад ва то андозае муомилаи ӯро коҳиш медиҳад. Пас онгуна, ки ин маъмури муваззаф, бар асари чунин омилҳо, матоашро ҷамъ карда, ва дафтарҳои аъмолашро мепечонад. Пас албатта, рӯзе хоҳад омад, ки ин маъмур аз вазифааш азл гардад ва даврони маъмурияташ ба охир расад. Ҳатто агар ҳеҷ сабаб барои азлу барканории он набошад, шояд бо бузург шудани ду доғи хурде ки ба рӯйи он қарор дорад ва оҳиста – оҳиста дар ҳоли вусъатёфтан аст. Офтоб нуреро, ки бо иҷозати Илоҳӣ, бар замин мунташир кардааст, дубора ба амри Раббонӣ бозмегирад ва ба даври худ мепечонад. Онгоҳ Парвардигори субҳон, ба ӯ хитоб карда мегуяд: Акнун маъмуриятат дар замин бапоён расид, ҳоло ба ҷаҳаннам рафта, ононеро, ки туро парастиш намуда ва маъмури мусаххаре ҳамчун туро ба хиёнату бесадоқатӣ муттаҳам сохта, таҳқир кардаанд, бисӯзон!

бад-ин гуна, офтоб фармони илоҳӣ اِذَا الشَّمْسُ كُوِّرَتْ -ро ба рӯйи чеҳраи доғдору сиёҳаш мехонад.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ

[1] (Ёсин:78-79)

[2] (Ёсин:82)

[3] (Ёсин:80)

[4] (Ёсин:83)

Марг чунон қатъию ошкор аст, ки ба монанди шаб шудани рӯз ва фарорасидани зимистон пас аз тирамоҳ, яқинан ба ӯ мувоҷеҳ хоҳем шуд…
ХУЛОСАИ МАСЪАЛАИ ДУЮМ

Ҳамон тавре, ки дар бахши Раҳнамои Ҷавонони Рисолаи Нур ба хубӣ тавзеҳ дода шуд, марг чунон қатъию ошкор аст, ки ба монанди шаб шудани рӯз ва фарорасидани зимистон пас аз тирамоҳ, яқинан ба ӯ мувоҷеҳ хоҳем шуд. Ҳамчуноне, ки ин зиндон барои воридшавандагон ва хориҷшавандагон, монанди мусофирхонаест, рӯйи замин низ, руботест барои қофилаҳое, ки бо шитоб дар ҳаракатанд то шабе дар он таваққуф кунанду фардо ба ҳаракаташон идома диҳанд. Марге, ки сокинони ҳар шаҳрро борҳо ба гӯристон равона кардааст, бешубҳа аз ҳаёт хостаи зиёде дорад. Рисолаи Нур муаммои ин ҳақиқати даҳшатнокро ҳал намуда ва кашф кардааст, ки хулосаи кӯтоҳи он, чунин аст:

Модоме, ки марг аз миён намеравад ва дарвозаи гӯр баста намешавад; бузургтарин масъала ва нигаронии аслии инсон ёфтани чора барои наҷот аз дасти ҷаллоди аҷал ва ҳуҷраи инфиродии қабр аст. Бале, ин мавзӯъ чора дорад. Рисолаи Нур бо сирри Қуръон, онро ҳамчун ду зарби ду баробари чор, қотиона исбот кардааст, ки хулосаи он чунин аст:

Марг ё эъдоми абадист; яъне чӯбаи дорест, ки фардро бо хешовандону дӯстонаш аз байн мебарад; ва ё варақаи рухсатист барои убур ба олами дигаре, ки боқист ва санади имонӣ барои вуруд ба сарои саодат ва хушбахтӣ.

Қабр низ ё ҳуҷраи инфиродии торик ва чоҳи беинтиҳост ва ё убургоҳест, ки моро аз маҳбаси дунё ба сӯйи меҳмонсаро ва гулистони нуронию ҷовидона мерасонад. Ин ҳақиқат дар “Роҳнамои Ҷавонон” бо тамсил, исбот шудааст.

Масалан: Дар ҳаёти ин зиндон, чӯбаҳои эъдомӣ, барои ба дор овехтан қарор додаанд ва пушти девор, маросими қуръакашии бузурге ҳаст, ки ҳама оламиён дар он иштирок доранд. Иштирок накардани мо панҷсад нафаре, ки дар ин зиндон ҳастем беистисно номумкин аст. Ҳамаи моро як ба як, ба майдон хоҳанд бурд. Мумкин аст бигуянд: “Биё, гувоҳи нобудиатро бигиру болои чорпоя бирав” ё “тазкираи ҳабси инфиродии ҳамешагиро бигиру аз ин даре, ки кушодааст убур кун” шояд бигуянд: “Мужда! Чиптаи бахтозмоият барандаи миллионҳо сиккаи тилло шудааст, биёву онро гир!” Мо ба чашми худ мебинем, ки ҳама ба навбат ба сӯйи дор мераванд. Гурӯҳе эъдом мешаванд; гурӯҳи дигар чӯбаи дорро нардбон мекунанду худро ба паси девор, ҳамон ҷо ки маросими бахтозмоист мерасонанд. Инро маъмурони ҷиддӣ, қатъӣ ва яқинан ба мо мегуянд, гӯё худ шоҳиди он будаем. Дар ҳамин асно, ду ҳайъат вориди ҳабсхонаи мо мешавад.

Қофилае, ки созу шаробу шириниҳо, бо бақлаваҳои зоҳиран лазиз дар даст доранд, кӯшиш мекунанд аз онҳо бамо низ бихӯронанд. Аммо хӯрокҳояшон заҳролуд аст, шаётини инсӣ онҳоро заҳролуд карданд.

Ҷамоат ва ҳайати дуюм, тарбиянома ва ғизоҳои ҳалол, нӯшокиҳои дилнишин дар даст доранд, ба мо ҳадия мекунанд, ҳама ба иттифоқ ва хеле ҷиддӣ мегуянд: “Агар ҳадияҳои гурӯҳи аввалро – ки ба манзури имтиҳон ба шумо пешниҳод шуда, қабул кунеду бихӯред, шумо низ монанди касоне, ки мебинед болои дор мераванд, ба дор овехта мешавед. Аммо агар ҳадияҳои моро, ки ба фармони ҳокими ин диёр бароятон овардаем бипазиред ва дуову зикрҳоеро, ки дар китобҳову тарбияномаҳоямон аст, бихонед, аз овехтани ба дор наҷот хоҳед ёфт. Бидонед ва ҳамчун рӯз бовар кунед, ки дар он маросими бахтозмоӣ, ба лутфу эҳсони шоҳонаи ҳар кадоматон барандаи як миллион сиккаи тилло хоҳед шуд. Агар он шириниҳои ҳарому шубҳанок ва заҳролудро бихӯред, пеш аз рафтан ба сӯйи чӯбаи дор низ, дард хоҳед кашид. Ин масъаларо фармонҳои мазкур ва мо яқинан ба шумо хабар медиҳем.”

Мутобиқи ин тамсил, дар паси чӯбаи дори аҷал, ки ҳамеша пеши чашмонамон аст, маросими бахтозмоии муқаддароти навъи башар вуҷуд дорад. Бешубҳа бояд дарёбем, ки дар ин маросим барои аҳли имону тоат (ба шарти ҳусни оқибат) чиптаи хазинаҳои ҷовидонаю бепоён, фароҳам хоҳад буд; ба эҳтимоли сад дар сад барои ононе, ки беэътиқод буда, машғули айшу нуши ҳарому гарданкашию фисқ будаанд (ба шарти тавба накардан) нестии ҳамешагӣ (барои ононе, ки муътақид ба охират нестанд)  ё ҳабси инфиродии торики абадӣ (барои ононе, ки бақои рӯҳро қабул доранд, аммо ба лаҳву бозӣ мепардозанд) фароҳам шудааст. Дар ибтидо инро яксаду бисту чаҳор ҳазор (124.000) пайғамбар (а) ки нишонаи тасдиқ дар даст доранд ва мӯъҷизоти фаровон доштаанд, ба эҳтимоли навадунӯҳ дар сад, хабар додаанду гуфтаанд, ки гурӯҳи охир, эълони шақовати абадиро мегиранд. Ба ҳамин тартиб зиёда аз яксаду бисту чаҳор (124.000) миллион валӣ (қаддасаллоҳу асрораҳум), ки дар пайи хабари пайғамбарон, сояву асари ононро бо кашфу завқ мушоҳида намуда, таъйиду тасдиқ кардаанд ва миллиардҳо муҳаққиқ муҷтаҳид ва сиддиқе, ки омадаанду рафтаанд, хабари ин ду гурӯҳ аз номдорони башариро ба мададу ақл ва бо бурҳонҳои қатъию ҳуҷаттҳои қавӣ ва бо фикру мантиқ, яқинан ва бо имон, исботу тасдиқ намудаанд. Ба воситаи ин се гурӯҳи бузургу олии ҷомеаи башарӣ, ки чораҳои тобони навъи инсонанд, аҳли ҳақиқатанд ва ба монанди хуршеду моҳ ва ситорагон медурахшанд ва дар мавқеияти фармондеҳи қудсии башар қарор доранд, хабари мазкур ба иҷмоъу тавотур ба мо расидааст; ҳоло бубинем, вазъияти касеро, ки ба ин суханон таваҷҷӯҳ намекунад ва ба сироти мустақим, ки онон нишон медиҳанд ва рӯ ба сӯйи саодат дорад намеравад, ба эҳтимоли навадунӯҳ дар сади хатар, таваҷҷӯҳе надорад; ҳамин фард дар ҳолати оддӣ, ҳатто агар як нафар бигуяд: Дар роҳе, ки меравӣ, хатар ҳаст, роҳи дигареро агар тӯлонӣ ҳам бошад  интихоб мекунад. Албатта ва албатта  вазъияти ӯ чунин аст:

Кӯтоҳтарин ва осонтарин роҳеро, ки  -мухбирони бешумор бо қотиияту яқин аз он хабар додаанд – ва сад дар сад ба биҳишту саодати абадӣ, интиҳо мешавад, раҳо карда, душвортарину дарозтарин ва бадтарин роҳеро, ки ба эҳтимоли навадунӯҳ дар сад ба маҳбаси ҷаҳаннаму шақовати доимӣ интиҳо мешавад, интихоб мекунад. Бечорае, ки дар дунё низ, кӯтоҳтарин роҳро бар асоси хабари эҳтимолан дуруғи фардӣ ва бо эҳтимоли як дар сади хатар, масалан хатари як моҳ ҳабс, ин роҳи кӯтоҳро раҳо карда, роҳи тӯлонитари беманфиатеро интихоб мекунад, таноҳо барои ин, ки бехатар аст; монанди девонаҳои сармаст ба аждаҳорҳое, ки дар дуриҳо дида мешаванд, беаҳамиятӣ карда ба сӯйи онҳо меравад, ва машғули пашшаҳо шуда, онҳоро муҳим медонад ва ақлу қалбу рӯҳу инсонияти худро аз даст медиҳад.

Модоме, ки ҳақиқати ҳол ин аст; мо зиндониён, барои гирифтани интиқоми пурра аз ин мусибат, бояд ҳадяҳои ҳайати дуюмро пазирем. Ҳамон тавре, ки лаззати як дақиқа интиқом ё чанд дақиқа ё чанд соати айшу нуш, боис шуд мо дучори ин мусибат шавем ва понздаҳ сол ё панҷ сол ё даҳ сол ё ду – се сол дар зиндон бимонему дунё бароямон зиндон шавад. Бояд дар зиддияту мухолифат бо ин мусибат як-ду соат аз замони ҳабсро табдил ба ибодати як-ду рӯза кунем ва муҷозоти ду – се солаи худро бо ҳадяҳои он қофилаи муборак, табдил ба умри бист – сӣ солаву доимӣ намоем ва даҳ ё бист сол ҳабсамонро василае қарор диҳем барои халосӣ аз миллионҳо сол ҳабс дар зиндони ҷаҳаннам. Дар баробари гиряи дунёи фонӣ, бояд бар лабони ҳаёти ухравиямон лабханд шинонем. Ба ин тартиб аз мусибате, ки гирифтораш шудаем интиқом бигирем. Бояд зиндонро ҷойе барои тарбияшудан бидонем ва барои ватану миллатамон афроди муфид,  мутмаину бо тарбия шавем. Маъмурону мудирон ва масъулони зиндон низ, касонеро ки гумон мекунанд ҷинояткору шақию қотилу табоҳкор ва музир барои ватан ҳастанд, бояд талабаҳое бубинанд, ки дар омӯзишгоҳи мубораке, машғули фаолиятанд ва бояд бо ифтихор  Худовандро шукр бигуянд.

(Аз куллиёти Рисолаи Нур)

Саъид Нурсӣ