رساله نور – Рисолаи Нур

Имон ҳам нур аст ва ҳам қувват аст…
Имон ҳам нур аст ва ҳам қувват аст. Имон ба инсон имкон медиҳад, то тамоми мактуботи самадониро, ки дар болои ӯ навишта шудаанд, бихонад. Инчунин, имон коинотро низ равшану дурахшон мекунад. Имон гузашта ва ояндаро аз торикӣ озод мекунад. Ин розро бо таваҷҷӯҳ ба сирри ин ояти карима бо як тамсил баён менамоем:

اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّور

Чунин воқеаи хаёлӣ ба назари ман намуд: Ду куҳи баланд муқобили ҳам қарор гирифтаанд. Дар болои онҳо кӯпруки калоне сохта шудааст. Дар зери кӯпрук дараи чуқур вуҷуд дорад. Ман дар болои он кӯпрук мебошам. Атроф ҳама ҷо торик ва зери истилои зулмоти шадиде аст.

Ман ба тарафи рости худ нигоҳ кардам ва дар торикӣ қабристони калонеро дидам, яъне чунин тасаввур кардам.

Сипас ба тарафи чапи худ нигоҳ кардам ва гӯё дидам, ки дар қаъри зулмоти мудҳиш бадбахтии бузург – тӯфони азиму балову мусибат дар ҳаракат аст.

Ба поён нигоҳ кардам ва ба ман чунин намуд, ки гӯё як ҷари хеле чуқурро ро мебинам. Бар зидди ин зулмоти мудҳиш ман чароғаки кисагие доштаму бас. Ман аз он истифода кардам. Зери нури ночизи он ба атроф нигоҳ кардам ва манзараву вазъияти мудҳише пеши чашмам ҷилвагар шуд. Ҳатто дар саршавии кӯпрук, ки рӯбарӯям буд ва дар атрофи он ба назари ман аждаҳоҳои тарсовар, шерҳо ва дигар ҷонварон намуданд, ки ман ба худ гуфтам: “Кошки ин чароғаки кисагиам намебуд ва ман ин даҳшатҳоро намедидам.”. Ба кадом тарафе, ки нури чароғакро равона кардам, маро чунон тарсу даҳшат фаро гирифт. “Эй вой! Ин чароғаки дастӣ ҳам балоест ба сарам.” гуфтам. Ман дарғазаб шуда, чароғаки кисагии худро ба замин задам ва шикастам. Гӯё ки дар натиҷаи шикастани он ман тугмаи чароғи бузурги электрикиро, ки тамоми дунёро равшан мекард, пахш кардам ва он зулмоту торикӣ нест шуд. Аз нури он чароғи бузург ҳама ҷо равшан ва пурнур шуд ва он нур ҳақиқати ашёро намоён кард.

Мебинам, ки: он кӯпруке, ки ман дидам, ин як ҷодае дар ҷои бисёр ҳамвори водӣ будааст.

Он гӯристони калоне, ки дар тарафи рости худ дида будам, аз аввал то ба охир боғҳои сабзу зебо будааст, ки дар онҳо ман маҷлисҳои ибодат ва хизмат ва сӯҳбат ва зикр, ки дар тахти раёсати онҳо инсонҳои нуронӣ нишастаанд, дидам.

Ҷариҳо ва қуллаҳои кӯҳ, ки дар тарафи чап ба назари ман хеле пуршӯру пурталотум намуда буданд, акнун аз дур ман дидам, ки дар пушти кӯҳҳои сабзу хуррам, дилкаш ва ҷозибадор як зиёфатгоҳи азим, ҷои зебое барои сайругашт, ва як нузҳатгоҳе мебошад. Ва он ҷонварони ваҳмовар ва аждаҳоҳо ки ба назарам намуда буданд, ҳайвонҳои хонагӣ ба монанди шутур, гов, рамаҳои бузу гӯсфанд будаанд. Он гоҳ ман اَلْحَمْدُ ِللّٰهِ عَلٰى نوُرِ اْلاِيمَانِ (Алҳамдулиллоҳи ъало нурил имон) гуфта ин ояти каримаро: اَللّٰهُ وَلِىُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُمَاتِ اِلَى النُّور  хондам ва аз он хоб бедор шудам.

Ҳамин тариқ, он ду кӯҳ яке аввали ҳаёт ва дигаре охири ҳаёт, яъне олами арз ва олами барзах мебошанд.

Он кӯпрук бошад, роҳи ҳаёт аст.

Тарафи рост замони гузашта аст.

Тарафи чап бошад, замони оянда мебошад.

Чароғаки кисагӣ ин ғурур ва худбинии инсонест, ки ба фаҳму дониши худ эътимод дорад ва ба ваҳйи осмонӣ бетаваҷҷӯҳ аст.

Он ҷонварону даррандагони ваҳшӣ бошанд, ҳодисаҳо ва махлуқоти аҷиби дунё мебошанд.

Ҳамин тавр, одами ба ғурури худ эътимод кунанда, ки ба зулмоту ғафлат афтидааст ва ба торикиву гумроҳӣ мубтало шудааст, монанди ҳолати аввалаи ман дар он воқеа буд: ӯ бо мадади чароғаки кисагӣ бо маълумоти ноқис ва залолатолуд замони гузаштаро дар намуди гӯристони калон ва ғарқи зулмоту нестӣ мебинад. Ояндаро бошад, ӯ хеле хатарнок ва тарсовар мебинад, ки ҳама чиз тасодуфӣ рӯй медиҳад.

Ҳар як ҳодиса ва мавҷудоти олам, ки маъмуру мусаххари Ҳакими Раҳими ягона мебошанд, дар ҳукми ҷонвари ваҳшии зиёнкоре дониста мешаванд. Ҳамин тариқ, ғурур ва худбинии инсон, ки танҳо ба ваҳму дониши худ умед мебандад ва ба ваҳйи осмонӣ бетаваҷҷӯҳ аст, ӯро ба ҳолате оварда мерасонанд, ки ояти зерин нишон додааст:

وَالَّذِينَ كَفَرُوا اَوْلِيَاؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ اِلَى الظُّلُمَات

Аммо, агар инсон ҳидояти илоҳиро дарёбад, имон ба дилаш роҳ ёбад, фиръавнияти нафсаш бишканад ва гӯш ба китоби Аллоҳ бидиҳад, он вақт ӯ ба ҳолати дуюми ман дар он воқеа монанд мешавад. Он вақт коинот якбора чун рӯз равшан мешавад ва саршор аз нури илоҳӣ мегардад. Олам ин оятро мехонад:

اَللّٰهُ نُورُ السَّمٰوَاتِ وَاْلاَرْضِ

Дар он ҳолат ӯ бо чашми қалбаш мебинад, ки замони гузашта барои инсон танҳо ҳамчун гӯристони калон нест, балки ҷоест дар он гурӯҳҳои ҷонҳои соф, ки дар ҳар як асри гузашта вазифаҳои убудиятро таҳти сарварии як пайғамбар ва ё авлиёе адо кардаанд, пас аз анҷомёбии вазифаҳои ҳаётӣ бо нидои اللّٰه أكبر ба сӯи мақомоти олӣ парвоз мекунанд ва ба сӯи гузашта ҳаракат мекунанд.

Ба сӯи чап назар мекунад ва бо нури имон дар қафои инқилобҳои барзахӣ ва ухравии монанди кӯҳҳои азим аз дур як зиёфати раҳмониро, ки дар қасрҳои саодати боғҳои биҳишт ороста шудааст, фарқ мекунад. Ва ҳодисаҳое чун тӯфон, зилзила ва ваборо ӯ ҳамчун хидматкорони мусаххари Худованд медонад. Аммо дар воқеаҳое чун борон ва раъду барқи баҳорӣ ӯ мадори ҳикматҳои дар зоҳир зишт вале дар асл нозукро мебинад. Ҳатто маргро ӯ муқаддимаи ҳаёти абадӣ ва қабрро бошад дарвозаи саодати ҷовидон медонад.

Ҷиҳатҳои дигари ин воқеаро худ муқоиса карда, ҳақиқатро бо тамсил татбиқ намо!

Саъид Нурсӣ

Ҳирс сабаби маҳрумият буда таваккул ва қаноат бошад, василаи раҳмат аст…
Боби дувум

اِنَّ اللهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتِينُ

وَكَاَيِّنْ مِنْ دَۤابَّةٍ لاَ تَحْمِلُ رِزْقَهَا اَللهُ يَرْزُقُهَا وَاِيَّاكُمْ وَهُوَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

Эй аҳли имон! Собиқан бо зарар будани душманиро донистӣ. Ҳам бидон, ки ба ҳаёти Исломӣ ба қадари адовату душманӣ як марази бо зарар ва мудҳиши хатарноки дигар низ ҳирс мебошад. Ҳирс сабаби иллату зиллат ва ҳайбат аст ва маҳрумият ва пастиро ба бор меорад. Бале, аз ҳар миллат зиёда бо ҳирс ба дунё ҳамла карда зиллат ва сафолати миллати яҳудӣ, ба ин ҳукм як шоҳиди қатъӣ мебошад. Бале ҳарисӣ, дар олами зиҳаёт аз як доираи васеъ то ба андозаи як фарди ҷузъӣ сӯъи тасир, яъне таъсири бади худро нишон медиҳад. Баръакс талаби ризқ таваккулвор бошад, сабаби роҳат мебошад. Ва дар ҳарҷо ҳусни таъсири худро нишон медиҳад. Инак, як навъи зиҳаёт ва муҳтоҷ ба ризқ, ки дарахтони мевадор ва наботот мебошад, ки таваккулвор, қаноаткорона дар ҷойҳои худ истода ба сабаби ҳирс нишон надодани худ, ризқҳои эшон давида назди эшон меёяд. Инҳо аз ҳайвонот зиёд авлод мепарваронанд. Ҳайвонот бошад, ба сабаби инки бо ҳирс ба суӣ ризқҳои худро медаванд, бо бисёр заҳмат ва бо нуқсоният ризқҳои худро ба даст  оварда метавонанд. Ҳам дар дохили доираи ҳайвонот таваккул кардани атфоли ҳайвонот бо лисони заъф ва аҷзашон ва ба ин сабаб дода шудани ризқи эшон ба сурати машрӯъ ва мукаммал ва латиф аз хазинаи раҳмат, ва ҷонвароне, ки бо ҳарисӣ ба разоқҳои худ ҳамла карда ва ғайри машрӯъ, бо заҳмати бисёр бадаст овардани ризқи нохушияшон нишон медиҳад, ки ҳирс сабаби маҳрумият аст. Таваккул ва қаноат бошад, василаи раҳмат аст.

Ҳам дар доираи инсонӣ аз ҳар миллати дигар зиёда бо ҳирс ба дунё часпидан ва бо ишқ ба ҳаёти дунявӣ дил додани миллати яҳудӣ, манфиате ки бо заҳмати зиёд бадаст меорад, фоидааш барои худаш кам, танҳо ба сабаби хазинадори намудааш бо як сарвати рибоӣ, яъне фоизӣ ва ғаёри машрӯъ ва хурдони шаллоқи зиллату пастӣ аз тамоми миллатҳо, қатл ва хиёнат нишон медиҳад, ки ҳирс маъдани зиллат ва ҳасорат мебошад. Ҳам як инсони ҳариз, ҳар вақт доир ба афтодани ӯ ба ҳисорат онқадар воқеъҳо мавҷуд аст ки ба ҳукми зарбул масал гашта дар назари умум бо сурати як ҳақиқати омма қабул шудааст.

Аҳли қаноат ва аҳли ҳирс, ба ду шахсе мемонанд, ки дар меҳмонхона як одами бузурге дохил мешаванд. Аз он ду шахс яке дар қалби худ мегӯяд “маро танҳо қабул кунда то аз сармои берун наҷот ёбам кофист. Ҳатто агар поёнтарин ҷойгоҳро низ ба ман бидиҳанд, лутфи бузург дар ҳаққи манааст.”

Аз он ду шахс, одами дуюмӣ гӯё ҳаққе дошта бошад, ки ҳар кас маҷбур ба ҳурмат кардани ӯ бошад, мағрурона мегӯяд, ки “бояд болотарин ҷойгоҳро ба ман диҳанд.” Бо он ҳирс дохил мешавад, чашми худро ба мавқеъҳои боло медӯзад. Мехоҳад ба он мавқеъҳо биравад, фақат соҳиби меҳмонҳона ӯро баргардонда ба поин менишонад. Дар сурате, ки ба соҳиби меҳмонхона ташаккур кунад, баҷои ташаккур аз қалби худ қаҳр мекунад ва асабонӣ мешавад. Ташаккур накарда, баръакс соҳиби хонаро танқид мекунад.

Соҳиби хона низ аз ӯ истисқол мекунад. Яъне ба ӯ аҳмият намедиҳад.

Шахси якум, мутавозиона (хоксор) дохил мешавад. Мехоҳад, ки дар поён бинишинад, соҳиби меҳмонхона аз ин қаноати шахси якум хушаш меояд. “Ба ҷойгоҳи боло бифармоед” мегӯяд. Ӯ низ ба дараҷа дараҷа ташаккуроти худро баён мекунад, мамнунияташ зиёда мешавад. Инак, дунё як меҳмонхонаи Раҳмонӣ аст. Рӯйи замин як суфраи Раҳмат аст. Дараҷаҳои ризқҳо ва мартабаҳои неъмат низ ба ҳукми ҷойгоҳҳо мебошад. Яъне дараҷоти ризқҳо ва мартабаҳои неъмат низ, аз худ мартабаҳо дорад. Ҳам дар корҳои хеле ҷузъӣ низ ҳар кас таъсири бадии ҳирсро ҳис мекунад.

Масалан: Ду гадо вақте чизе бихоҳанд, он гадое, ки бо ҳирс исрор карда чизе мехоҳад, ба сабаби он ҳирси вай ба ӯ чизе надода, гадои дигар, ки сокин ва ором дар ҷои худ нишаста ба ӯ марҳамат карда чиз доданро ҳар кас дар дили худ ҳис мекунад.

Ҳам масалан: Шаб хоби ту парид, ту мехоҳӣ, ки хоб кунӣ. Агар бе қайд бимонӣ, балки хобат биёяд. Агар хобро бо ҳирс бихоҳӣ “амон хоб кунам – амон хоб кунам” бигӯӣ, тамоман хобат хоҳад парид.

Ҳам масалан: Барои як натиҷаи муҳим якеро интизори мекунӣ. “Амон – наёмад, Амон наёмад” гӯфта ниҳоят ҳирс сабри туро халос карда бархоста меравӣ; баъд аз як дақиқа он одам меояд; фақат натиҷаи муҳим он интизори хароб мешавад. Аз байн меравад.

Сирри ин ҳодисот инаст ки: Читавре, ки вуҷуди нон ба мазраа, хирман, осиёб, танур тараттуб мекунад; яъне барои ба вуҷут омадани нон инҳо лозим аст. Онгуна низ дар тартиби чизҳо як тааннии ҳикмат мавҷуд аст. Ба сабаби ҳирс бо тааннӣ (эҳтиёт) ҳаракат накардан, он зинаҳои маънавӣ бо тартиби ашиёро риоя намекунад. Ё хеззада меафтад ва ё инки як зинаро нуқсон мемонад; ба максад расида наметавонад.

Инак эй бародароне, ки бо дарди маишат сарсом ва бо ҳирси дунё маст шудаед! Дар ҳоле, ки ҳирс ин қадар музир ва як чизи балост, чигуна дар роҳи ҳирс ҳар вақт зиллатро иртикоб карда ва ҳаром ҳалол нагуфта ҳар молро қабул ва барои ҳаёти ухравӣ чизҳои бисёр лозимро фидо мекунед; ҳатто закот, ки як рукни муҳими аркони Исломӣ мебошад, дар роҳи ҳирс тарк мекунед?..

Дар ҳоле, ки закот барои ҳар шахс сабаби баракат ва дафъи балоҳо мебошад. Касе, ки закот намедиҳат ба ҳар ҳол аз дасташ ба миқдори закоти молаш берун хоҳад шуд. Ё ба ҷои ғайрилозим сарф хоҳад кард. Ва ё як мусибат омада хоҳад бурд.

Дар як хоби хаёли бо ҳақиқат, дар соли панҷум, ҷанги ҷаҳонии якум, дар як хоби аҷиб аз ман савол шуд:

“Ин гуруснагӣ, ин аз байн рафтани мол ва машақатҳои бадани болои мусулмонон аз барои чист?”

Дар хоб гуфта будам:

“Ҷаноби Ҳақ аз баъзе молҳо аз даҳ як ([1]) ва ё аз баъзе молҳо аз чил як ([2]), аз он чил ҳисса  як ҳисса мехоҳад. Аз молҳое, ки худи Ҷаноби Ҳақ барои мо дода буд аз он якеро хост то, ки барои мо сабаби бадаст овардани дуоҳои фақирҳо шавад ва кина ва ҳасадҳои эшонро аз мо манъ кунад. Мо аз барои ҳирси худ тамаъкори намуда надодем. Ҷаноби Ҳақ закоти мутарокими худро яъне закоти ҷамъ шударо аз чил сий, аз даҳ ҳашт ҳиссаро гирифт.

Ҳам дар ҳар сол танҳо як моҳ, як гуруснагие, ки дар он ҳафтод ҳикмат дарҷ шудааст аз мо талаб намуд. Мо ба нафси худ дил сӯзӣ карда, як гуруснагии муваққат ва бо лаззатро таҳамул накардем. Ҷаноби Ҳақ ҷазои онро бо ҳафтод ҷиҳат як навъи рӯзаи бо мусибатро дар зарфи панҷ сол болои мо ҷубран гирифтонд.

Ҳам аз бисту чаҳор соат танҳо як соати онро барои як навъи таълимоти Рабоннӣ, ки хуш ва улвӣ, нуронӣ ва бо фоида буд, аз мо талаб кард. Мо танбали карда он намозро ба ҷо наовардем, яъне одо нанамудем. Он як соатро ба соатҳои дигар илова намуда бефоида гузарондем. Ҷаноби Ҳақ ба ивази каффорати он, панҷ сол болои мо бо таълим ва таълимот ва давониданиҳо як навъи намоз гузаронид.” Гӯфта будам. Баъдан ба худ омадам, андешидам, фаҳмидам, ки дар он хоби хаёли як ҳақиқат бисёр муҳим мавҷуд мебошад. Дар Гуфтори Бисту Панҷум бинобар исбот ва баёни баҳси мувазана байни ҳукми қуръон ва маданият, сарчашмаи тамоми бадахлоқиҳои ҳаёти иҷтимоии башар ва сарчашмаи тамоми ихтилолҳо ва бе назмиҳо ду калима мебошад.

Якум: “Вақте, ки ман сер бошам дигараш аз гуруснагӣ бимирад ба ман чӣ.”

Дувум: “Ту кор кун ман бихӯрам.”

Идома диҳандаи ин ду калима низ ҷараёни рибо ва тарки закот мебошад. Чораи ягонаи тадовии ин ду марази мудҳиш ва хатарноки иҷтимои, иҷрои закот ба сурати як дастури умумӣ, вуҷуби закот ва ҳурмати рибо мебошад.

Ҳам на танҳо ба ашҳоси хусусӣ ва ҷамоатҳо балки ба саодати ҳаёти умуми навъи башар як рукни муҳим, балки барои давоми ҳаёти инсоният як пояи муҳим закот мебошад. Чунки дар башар, хавосс ва авом ду табақа мавҷуд аст. Аз хавосс ба авом марҳамат ва эҳсон, аз авом ба муқобили хавосс, ҳурмат ва итоатро закот таъмин мекунад. Вагарна, аз боло ба сари авом зулм ва таҳаккум фуруд хоҳад омад; аз авом ба муқобили тавонгарон кина ва исён хоҳад баромад. Ҳар ду табақаи башар дар як муҷодилаи маънавӣ, дар як кашмакаши ихтилофӣ хаҳанд монд. То омада – омада чунон, ки дар Русия шуда буд ба сурати муҷодилаи саъй ва сармоя ба мунозиа хоҳад пардохт.

Эй аҳли карам ва виҷдон! Ва эй аҳли саховат ва эҳсон!

Агар эҳсонот, яъне бахшишҳо ва некиҳо ба номи закот набошад, се зарар хоҳад дошт. Баъзан ҳам бе фоида хоҳад рафт. Чунки, вақте ки ба номи Аллоҳ (ҷ) намедиҳӣ маънан миннат мекунӣ, фақири бечораро дар таҳти асорат мегузорӣ. Ҳам аз дуои мақбули вай маҳрум мемонӣ. Ҳам ҳақиқатан дар ҳоле, ки бахотир додани моли Ҷаноби ҳақ барои бандагони вай як маъмури тавзеъот ҳастӣ, ту худро соҳиби мол гумон карда як куфрони неъмат мекунӣ. Агар баноми закот бидиҳӣ, чун дар ин сурат ба номи Ҳақ медиҳӣ, як савоб бадаст меорӣ. Як шукрони неъмат аз худ нишон медиҳӣ. Он одами муҳтоҷ низ чун иззати нафси вай нашикаста ва дуои вай низ ба ҳаққи ту қабул хоҳад шуд. Бале ба қадри закот, балки бисёр зиёд нофила ва эҳсон, ва ё инки бо дигар суратҳо додан монанди риё ва шуҳрат, монанди миннат ва тазлил зарарҳоро бадаст овардан куҷост? Ба номи закот он некиҳоро карда ҳам фарзро адо карада, ҳам саваб, ҳам ихлос, ҳам як дуои мақбулро бадаст овардан куҷост?

[1]    Ҳошия: Яъне дар ҳар сол аз малҳои тоза монанди гандум аз даҳ яки.

[2]    Ҳошия: Яъне аз молҳоие ки собиқ дода аст, аз чил  яки: монади гов, гӯсфанд, шутур ва дигар ки, дар ҳар соли ғолибан аз ҷиҳати рибҳи тиҷорӣ ва насли ҳайвонӣ аз он чил даҳ дона тоза медиҳад.

Саъид Нурсӣ