Хабархои дигар

Дар муқобили ҷароҳатҳои зоҳирии Ҳазрати Айюб алайҳиссалом, мо дучори бемориҳои ботинӣ, рӯҳӣ, ва қалбӣ шудаем…

Нуқтаи Якум Дар муқобили ҷароҳатҳои зоҳирии Ҳазрати Айюб алайҳиссалом, мо дучори бемориҳои ботинӣ, рӯҳӣ, ва қалбӣ шудаем. Агар вазъияти даруниямон ошкор гардад ва дарунамон бар берунамон мунъакис шавад, хоҳем дид ки беш аз Ҳазрати Айюб (а.с.) ҷароҳат дорем ва бемор ҳастем.   Зеро ҳар гуноҳе, ки анҷом медиҳем ва ҳар […]

Муноҷоти қаҳрамони сабр, Ҳазрати Айюб алайҳиссалом муҷарраб ва муассир аст…

بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيمِ اِذْ نَادَى رَبَّهُ اَنِّى مَسَّنِىَ الضُّرُّ وَاَنْتَ اَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ Ин муноҷоти қаҳрамони сабр, Ҳазрати Айюб алайҳиссалом муҷарраб ва муассир аст, лекин мо бо иқтибос аз оят, дар муноҷоти худ бояд бигӯем: رَبِّ اَِنِّى مَسَّنِىَ الضُّرُّ وَاَنْتَ اَرْحَمُ الرَّاحِمِينَ хулосаи қисаи машҳури Ҳазрати Аюб алайҳиссалом ин аст: […]

Хулоса ҳикояи машҳури ҳазрати Юунус чунин аст…

Ламъаи Якум    Муноҷоти Ҳазрати Юнус ибни Мато ала набийино ва алайҳисалату ва салам, бузургтарин муноҷот ва муҳимтарин василаи иҷобати дуъост. Хулоса ҳикояи машҳури ҳазрати Юунус чунин аст: Ба дарё андохта шуд ва моҳии бузурге ӯро фурӯ бурд; дар ҳоле ки дарё пурталотум буд ва шаб торику ҳароснок ва ӯ аз […]

Талабаҳои мактаб, назди ман омада, гуфтанд: Холиқамонро ба мо муаррифӣ кун, муаллимонамон дар бораи Аллоҳ чизе намегуянд…

МАСЪАЛАИ ШАШУМ Ишораи мухтасарест ба бурҳоне аз ҳазорон бурҳонҳои куллӣ, дар бораи рукни имони ба Аллоҳ, ки дар бисёре аз қисмҳои Рисолаи Нур тафсил ва ҳуҷҷатҳои бешумори қатъии он омадааст. Дар шаҳри Кастамону чанде аз талабаҳои мактаб, назди ман омада, гуфтанд: Холиқамонро ба мо муаррифӣ кун, муаллимонамон дар бораи Аллоҳ […]

Даврони ҷавонӣ, бешубҳа сипарӣ мешавад. Бо ҳамон қатъияте, ки тобистон ҷойи худро ба тирамоҳу зимистон медиҳад ва рӯз табдил ба ғурубу шаб мешавад, ҷавонӣ низ, ба пирию марг мубаддал мегардад.

МАСЪАЛАИ ПАНҶУМ Чуноне, ки дар “Раҳнамои Ҷавонон” тавзеҳ дода шудааст; даврони ҷавонӣ, бешубҳа сипарӣ мешавад. Бо ҳамон қатъияте, ки тобистон ҷойи худро ба тирамоҳу зимистон медиҳад ва рӯз табдил ба ғурубу шаб мешавад, ҷавонӣ низ, ба пирию марг мубаддал мегардад. Агар ҷавонии гузарову фонии худро дар роҳи иффату хубиҳо сипарӣ […]

Ин Қуръони карим, ки Парвардигори моро шинос мекунад…

Ин Қуръони карим, ки Парвардигори моро шинос мекунад: Тарҷумаи ҳамешагии ин табиат. Тарҷумони абадии забонҳои табиат аст, ки оятҳои таквиниро мехонад. Тафсирдиҳандаи китоби олам… Ҳамчунин кашфдиҳандаи конҳои махфии номҳост, дар саҳифаҳои пинҳони осмону Замин. Ҳамчунин калиди ҳақиқатҳои пӯшидааст дар рафти ҳодисаҳо. Забони ғайб дар олами ҳозир. Хазинаи хитобҳои азалӣ ва […]

Марг чунон қатъию ошкор аст, ки ба монанди шаб шудани рӯз ва фарорасидани зимистон пас аз тирамоҳ, яқинан ба ӯ мувоҷеҳ хоҳем шуд…

ХУЛОСАИ МАСЪАЛАИ ДУЮМ Ҳамон тавре, ки дар бахши Раҳнамои Ҷавонони Рисолаи Нур ба хубӣ тавзеҳ дода шуд, марг чунон қатъию ошкор аст, ки ба монанди шаб шудани рӯз ва фарорасидани зимистон пас аз тирамоҳ, яқинан ба ӯ мувоҷеҳ хоҳем шуд. Ҳамчуноне, ки ин зиндон барои воридшавандагон ва хориҷшавандагон, монанди мусофирхонаест, […]

Тарафдорӣ, ҳасад ва инод, ки аз дидгоҳи ҳақиқат зулм аст…

 بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ فَاَصْلِحُوا بَيْنَ اَخَوَيْكُمْ ۞ اِدْفَعْ بِالَّتٖى هِىَ اَحْسَنُ فَاِذَا الَّذٖى بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَاَنَّهُ وَلِىٌّ حَمٖيمٌ ۞  وَالْكَاظِمٖينَ الْغَيْظَ وَالْعَافٖينَ عَنِ النَّاسِ وَاللّٰهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنٖينَ Тарафдорӣ, ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва шиқоқ ва кин ва адоват миёни мӯъминҳо мегардад, зишт ва […]

Офаридагорамон сармояи зиндагонии бисту чаҳор соат шабонарӯзро ба мо эҳсон мекунад то ба кумаки он, ҳар чи барои ҳаёти дунявию ухравӣ лозим аст, таъмин гардад…

МАСЪАЛАИ ЯКУМ Чунон ки тавзеҳи матлаб дар Гуфтори Чордаҳум низ омадааст, Офаридагорамон сармояи зиндагонии бисту чаҳор соат шабонарӯзро ба мо эҳсон мекунад то ба кумаки он, ҳар чи барои ҳаёти дунявию ухравӣ лозим аст, таъмин гардад. Тасаввур кунед агар мо бисту се соати шабонарӯзро сарфи ҳаёти дунявӣ – ки бисёр […]

Чаро хусусияти меъроҷи бузургро ба Муҳаммад (с.а.в) доданд?

ПОРАЕ АЗ ИДОМАИ “МУҶИЗАҲОИ АҲМАДӢ (С.А.В.)” Чаро хусусияти меъроҷи бузургро ба Муҳаммад (с.а.в) доданд?   (Ин баҳс зимни баҳсҳои далелҳои паёмбарии Аҳмад ва ҷавоби суолест, ки дар ишколи якуми он се ишколи муҳим, ки дар охири асоси севум аз “Рисолаи меъроҷ” омадааст, навишта шудааст ва он чун феҳристи мухтасар мебошад). […]