Мактуби Бисту дуюм
بِاسْمِهٖ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ
Ин мактуб ду боб дорад.
Боби аввал: Аҳли имонро ба дӯстӣ, бародарӣ ва муҳабат даъват мекунад.
Боби аввал
1 بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ
اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ فَاَصْلِحُوا بَيْنَ اَخَوَيْكُمْ ۞
اِدْفَعْ بِالَّتٖى هِىَ اَحْسَنُ فَاِذَا الَّذٖى بَيْنَكَ وَبَيْنَهُ عَدَاوَةٌ كَاَنَّهُ وَلِىٌّ حَمٖيمٌ ۞
2 وَالْكَاظِمٖينَ الْغَيْظَ وَالْعَافٖينَ عَنِ النَّاسِ وَاللّٰهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنٖينَ
Тарафдорӣ, ҳасад ва инод, ки сабаби нифоқ ва шиқоқ ва кин ва адоват миёни мӯъминҳо мегардад, зишт ва мардуд мебошад. Аз назари ҳақиқат ва ҳам аз диди ҳикмат ва низ аз дидгоҳи Ислом – ки намоёнгари инсонияти куброст – ва ҳам аз нигоҳи ҳаёти шахсӣ инсонияти бузургии исломият аз назари ҳақиқат ва ҳикмат ва аз назари ҳаёти шахсӣ, ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳаёти маънавӣ, зишту мардуд ва музиру зулм буда, барои ҳаёти башари низ заҳр аст. Инак ба шарҳи «шаш ҷиҳат» аз ҷиҳатҳои бешумори ин ҳақиқат мепардозем.
Ҷиҳати якум: Аз дидгоҳи ҳақиқат зулм аст.
Эй одами бе инсофе, ки бо бародари мӯъмини худ, кинаву адоват ва душманӣ мекунӣ!
Ҳамон гунае, ки ту дар як киштӣ ва ё дар як хона бошӣ, ҳамроҳ бо ту нӯҳ нафар инсони бе гуноҳ ва як ҷинояткор бошад, як одаме, ки ба ғарқ кардани он киштӣ ва ё ба сӯзондани он хона кӯшиш кунад, чӣ дараҷа зулм кардани ӯро медонӣ, ва аз зулми ӯ он қадар доду фарёд хоҳӣ кард, ки садои худро ба осмонҳо хоҳӣ шунавонид. Ҳатто танҳо як маъсум бе гуноҳ ҳамроҳ бо нӯҳ нафари ҷонӣ ҷинояткор бошад боз ҳам ба ғарқ кардани он киштӣ ҳеҷ як қонуни адолат иҷозат нахоҳад дод.
Айнан ингуна ту, вуҷуди як мӯъмин, ки хонаи Раббонӣ ва киштӣи илоҳӣ гуфта мешавад, ки дар он монанди имон, исломият ва ҳамсоягӣи нӯҳ не, балки бист сифати маъсумона дар ӯ мавҷут аст. Аз рӯи як сифати музир ва ҷонии вай, ки хуши ту намеояд, ба хотири он ба хароб кардани он хонаи маънавӣ ва ғарқ кардани он киштии маънавие, ки вуҷуди ӯ мебошад, ташаббус ва иқдом ва ё орзу кунӣ, ин кори ту низ монанди кори он шахс, зишт, душманона ва як зулми золимона мебошад.
Ҷиҳати дуюм: Аз диди ҳикмат низ зулм аст.
Зеро маълум аст, ки адоват ва муҳаббат, монанди нур ва зулумот ба як дигар зид ҳастанд. Ҳар дуи онҳо аз назари маънои ҳақиқӣ якҷоя ҷамъ шуда наметавонанд.
Агар муҳаббати ҳақиқӣ, аз назари сабабҳои баланд будани худ дар як қалб пайдо шавад, он вақт адоват маҷозӣ хоҳад шуд, ва шакли дилсӯзӣ ба худ мегирад. Бале, мӯъмин бародари худро дӯст дорад ва бояд, ки дӯст бидорад. Ба хотири ҳоли бад ва зишти ӯ танҳо дил бисӯзонад. На аз рӯйи таҳаккуму зӯроворӣ, балки аз рӯи лутфу марҳамат ба ислоҳ ва тарбияти вай саъю кӯшиш кунад. Ба хотири он бо насси ҳадиси шариф гуфта шуда аст, ки «як мӯъмин бо мӯъмини дигар аз се рӯз изофа набояд, ки қаҳр кунад ва биранҷад ва набояд, ки қатъи муколама намояд».
Агар сабабҳои адоват ва хусумат ва душманӣ ғалаба кунад, адоват ва душманӣ ба сурати ҳақиқӣ дар як қалб пайдо шавад, он вақт муҳаббат маҷозӣ ва ғайри воқеъи хоҳад шуд, ба сурати тасаннӯъ ва сохтагӣ ва зоҳирӣ ва тамаллуқ дар хоҳад омад.
Эй одами бе инсоф! Ҳоло нигоҳ кун, ки барои бародари мӯъмини худ кина ва адоват чӣ қадар зулм аст. Чунки, ҳамон тавре ту сангҳои хурди оддиро аз каъба бисёр бузург ва бо аҳмият ва аз кӯҳи Уҳуд бисёр баланд бигуйи, як бе ақлии зишт мекунӣ. Айнан ин тавр: Имони як мӯъмин, ки ба андозаи Каъбаи Шариф шараф, ҳайсият ва ҳурмат дорад, ва исломияте, ки монандӣ кӯҳи Уҳуд бисёр авсофи исломии бузург ва бо азамат дорад. Дар ҳоле, ки имон ва исломият муҳаббат ва иттифоқро мехоҳад, баъзе қусуроте, ки монанди сангҳои оддӣ ва сабаби адоват ва душманӣ ба муқобили мӯъмин мегардад, ва он қусуротро ба муқобили имон ва исломият тарҷеҳ кунад, чӣ дараҷа бе инсофӣ ва беақлӣ ва як зулми бузург будани онро агар ақл ва фаросат дошта бошӣ хоҳӣ донист.
Бале тавҳиди имони албатта тавҳиди қалбҳоро мехоҳад, ва тавҳиди эътиқод низ тавҳиди иҷтимоиро талаб мекунад ва зарури мешуморад. Бале ин кор карда нахоҳӣ тавонист ки: Ту дар як қитъи аскари баробар бо як одами дигар бошӣ, ба муқобили он одам ба як робитаъи дӯстона зарурат ҳис хоҳӣ кард. Ва ба хотире, ки таҳти амри як фармондеҳ мебошед, ба як робитаи рафиқона ва дӯстона алоқаи эҳсос хоҳӣ кард. Ба хотире, ки дар як мамлакат зиндагӣ мекунед, ба як муносибати уҳувваткорона ва дӯстона ҳис пайдо хоҳӣ кард. Зеро нур ва шуури имон ва ислом ба андозаи номҳои илоҳӣ алоқаҳои ваҳдат ва як порчагӣ ва робиттаҳои иттифоқ ва муносиботи ухувват ва бародарӣ мавҷуд аст. Масалан:
Холиқи ҳар дуи шумо яке, Молики шумо яке, Маъбуди шумо яке, Розиқи шумо, яке, яке… яке яке, то ҳазор яке яке. Ҳам пайғамбари шумо яке, дини шумо яке, қиблаи шумо яке.. яке яке, то сад яке яке. Баъдан деҳаи шумо яке, давлати шумо яке, мамлакати шумо яке… то даҳ яке яке. Дар ҳоле, ки ин қадар яке якеҳо ваҳдат ва тавҳид ва вифоқ ва иттифоқ, муҳаббат ва ухувватро иқтизо мекунад, яъне зарури мешуморад, ва коинотро ва кураҳоро бо якдигар бо як занҷири маънавӣ баст кардааст, шиқоқ ва нифоқ, кин ва адовате, ки ба андозаи тори анкабут (тортанак) бе аҳмият, бе субот аст, ва сабаби кина бастани ҳақиқӣ ба муқобили мӯъмин мешавад, чӣ қадар ба муқобили он муҳаббат як истахфоф ва ҳақир шумордан ва ба муқобили муносибати ухувват чӣ дараҷа зулм ва эътисоф будани онро агар қалбат намурда бошад ва ақлат аз байн нарафта ва хомӯш нашуда бошад хоҳӣ донист ва хоҳӣ дарк кард.
Ҷиҳати сеюм: Ба назари сирри аяте 3 وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ اُخْرٰى ки ифода мекунандаи адолати маҳз аст, дар меёбем.
Аз рӯи як сифати ҷонӣ ва бад як мӯъмин ба ӯ кина ва адоват бастан ва дигар сифатҳои маъсуми ӯро маҳкум кардан ва ба дидаи қадр нагирифтан, чӣ дараҷа як зулми беҳад будани онро бо хусус аз як сифати бади мӯъмин ранҷида ва қаҳр карда адоват ва душманӣ худро болои ақрабо ва қавм ва наздикони ӯ ба онҳо андохта кардани ту бо муболағаи ояти 4 اِنَّ الْاِنْسَانَ لَظَلُومٌ як зулми хеле бузург мебошад, ки ту мекунӣ. Дар ҳоле, ки ҳақиқат ва шариат ва ҳикмати исломия ихтор мекунад, чигуна ту худро барҳақ мебинӣ “ман бо ҳақ ҳастам” мегӯӣ?
Аз назари ҳақиқат, адоват ва душманӣ, ки сабаби зиштӣ, шарр ва бадӣ мебошад, монанди шарр ва хок касиф аст. Ба дигарон набояд, ки таъсир ва сироят кунад. Агар дигарон аз он дарс бигиранд, шарр ва фасод кунад, он масъалаи дигар аст. Некиҳое, ки сабаби мухаббат аст, монанди нур буда, сироят ва иникос аз шаъни ӯст. Ба хотири он аст, ки сӯхани “дӯсти дӯст, дӯст аст” дар забонҳо зарбул масал гардидааст. Ҳам ба хотири он аст, ки “ба хотири як чашм бисёр чашмҳоро дӯст дошта мешавад.” Ин сӯхан низ дар забонҳо зарбул масал гардидааст.
Инак эй одами бе инсоф! Дар ҳоле, ки ҳақиқатро ингуна мебинад, як одамеро, ки дӯст надори хотири он ба як бародар дӯст доштани ӯ ва ё ба наздикон ӯ адоват ва душмани кардани ту чӣ қадар хилофи ҳақиқат будани онро, агар ҳақиқат бин бошӣ, хоҳӣ донист.
Ҷиҳати чорум: Аз дидгоҳи ҳаёти шахсӣ низ зулм аст. Аз асоси ҷиҳати чаҳорум як чанд дастурро гӯш кун:
Дастури якум: Ту вақте, ки маслаку маром ва кору машғули худро ва афкори худро ҳақ донистӣ, он вақт гуфта метавони, ки: “Маслакам ҳақ аст ва ё хеле зебо ва хуб аст.” Фақат ту ҳақ надорӣ, бигуӣ “танҳо маслаки ман ҳақ аст.” Аз назари сирри وَعَيْنُ الرِّضَا عَنْ كُلِّ عَيْبٍ كَلٖيلَةٌ § وَلٰكِنَّ عَيْنَ السُّخْطِ تُبْدِى الْمَسَاوِيَا
назари бе инсофи ту ва фикри паст ва залили ту ҳаким ва коршинос шуда наметавонад. Маслак ва маром ва кори шуғли дигареро ҳамроҳи ботил дида маҳкум карда наметавонад ва нахоҳад тавонист.
Дастури дуюм: Болои ту ҳақ аст ки: “Ҳар гуфтаи ту ҳақ бояд бошад. Фақат ҳар ҳақро гуфтан ҳаққи ту нест. Ҳар сӯхани ту рост бошад. Фақат ҳар сӯхани ростро гуфтани ту дуруст нест.” Зеро як одаме, ки монанди ту нияташ холис набошад насиҳати туро гӯш намекунад, акси амал мекунад. Ва сӯхани туро аҳмият намедиҳад.
Дастури сеюм: Агар мехоҳӣ, ки адоват куни ба адовате, ки дар қалбат вуҷуд дорад, адоват кун, ба рафъи он кушиш кун. Ҳам ба нафси аммора ва ҳавои нафси худ, ки ба ту бисёр зарар мерасонад адоват кун. Ва ба ислоҳи он кушиш кун. Ба хотири он нафси зарардиҳандаи худ ба мӯъминон адоват накун. Агар мехоҳӣ, ки душмани кунӣ кофирҳо, зиндиқҳо ва бединҳо бисёр аст, ба онҳо адоват ва душманӣ кун. Бале, чи тавре ки сифати муҳаббат ба муҳаббат лоиқ ва муносиб аст, ва хислате ҳамчун душманӣ низ зиёдтар аз ҳар чизи дигар, худ шоистои душманист. Агар мехоҳӣ, ки душмани худро мағлуб кунӣ, ба муқобили бадӣ ва зишти ӯ, хубӣ кун. Чунки, агар бо бадӣ ва зиштӣ муқобила намоӣ, хусумат ва душманӣ изофа хоҳад шуд. Зоҳиран агар мағлуб ҳам шавад, қалбан кина ва душманӣ хоҳад баст. Адоват ва душманӣ давом хоҳад кард. Агар бо некӣ муқобила намӣ, пушаймон шуда ва ба ту дӯст хоҳад шуд. Аз назари ҳукми:
اِذَا اَنْتَ اَكْرَمْتَ الْكَرٖيمَ مَلَكْتَهُ § وَ اِنْ اَنْتَ اَكْرَمْتَ اللَّئٖيمَ تَمَرَّدًا
мақоми мӯъмин, карим будан аст. Аз икром ва саҳоват ва илтифоти ту ба ту мусаххар ва ром хоҳад шуд. Зоҳиран лаим ва мумсики хасис ва бахил ҳам бошад, аз ҷиҳати имон карим мебошад. Бале ба як одами бад бигӯи, ки ту як одами хуб ҳастӣ ва як одами хуб ва нек хоҳӣ шуд, инро такрор такрор бигӯи як одами нек шудани ӯ, ва ба як одами хуб бигӯи, ки ту як одами бад ҳастӣ ва як одами бад хоҳӣ шуд инро такрор такрор бигӯи, як одами бад шудани ӯ бисёр ба вуқуъ мегардад. Ин тавр бошад ба монанди дастурҳои Қуръонӣ 5وَاِذَا مَرُّوا بِاللَّغْوِ مَرُّوا كِرَامًا ۞ وَاِنْ تَعْفُوا وَتَصْفَحُوا وَتَغْفِرُوا فَاِنَّ اللّٰهَ غَفُورٌ رَحٖيمٌ гӯш бидеҳ. Саодат ва саломат дар ӯст.
Дастури чорум: Аҳли кина ва адоват ҳам ба нафси худ, ҳам ба бародари мӯъмини худ, ҳам ба раҳмати Илоҳӣ зулм мекунад, таҷовуз мекунад. Чунки, таввасути кина ва адоват, нафси худро дар як азоби алим ва дарднок мегузорад. Аз неъматҳо ва эҳсонот ва хубиҳое, ки ба душмани ӯ ва мухолифи ӯ яъне ба нафари муқобили ӯ меояд азоб ва аз ғаму ғусае, ки аз тарси ӯ меояд ба нафси худ бор мекунад, ба нафси худ зулм мекард. Агар адоват аз ҳасад биёяд, пас он тамоман азоб аст. Чунки, ҳасад аввалан соҳибашро маҳв мекунад, дар мегиронад. Дар ҳаққи маҳсуд яъне шахси ҳасад шуда ё зарараш кам аст ва ё ҳеч зарар нахоҳад дошт.
Чораи ҳасад: Одами ҳасуд, бояд ба чизҳое, ки ҳасад мекунад, оқибати онро бояд биандешад. То бидонад, ки сарват, мартаба, мақом, қувват, ҳусн ва зебои дунёие, ки рақиби ӯ дорад, фонӣ аст, муввақат аст. Фойдааш кам, заҳматаш бисёр аст. Агар мазияти ухравӣ, яъне ҳаркати нек ва шоиста ӯхравӣ бошад, зотан дар он ҳаракоти ӯхравӣ, ҳасад вуҷуд надорад. Агар дар онҳо низ ҳасад кунад, ё худаш риёкор аст моли ва дорои ӯхравии худро дар дунё маҳв ва нобуд кардан мехоҳад, ва ё ин ки маҳсудро яъне шахси муқобилро риёкор тасаввур мекунад, ба ин сабаб ӯ бе ҳаққӣ, бе адолатӣ ва зулм мекунад.
Ҳам аз мусибатҳое, ки ба шахси муқобили ӯ меояд мамнун ва хушҳол шуда, аз неъмат ва эҳсоноте, ки ба нафари муқобили ӯ меояд маҳзун шуда ба қадру раҳмати Илоҳӣ дар ҳаққи ӯ қаҳр мекунад. Одато ба қадари Илоҳӣ танқид мекунад, ва ба раҳмати Илоҳӣ эътироз мекунад. Касе, ки ба қадари Илоҳӣ танқид кунад, монанди он аст, ки сари худро ба сангдони оҳангаре мезанад ва сари худро мекафонад. Яъне ҳар чӣ қадар, ки сари худро ба сангдони оҳангарӣ бизанад ва ё ба девор ҳам бизанад, қадари Илоҳиро тағир дода наметавонад. Касе, ки ба рахмати Илоҳӣ эътироз кунад, аз раҳмати Илоҳӣ маҳрум хоҳад монд.
Аҷабо, аз як чизе, ки ба душманӣ як рӯза наарзад, як сол бо кина ва душманӣ муқобила карданро кадом инсоф қабул хоҳад кард, ба кадом виҷдон хароб нашуда ва солим ҷой хоҳад гирифт? Дар ҳоле, ки як бадӣ ва ё зиште, ки аз бародари мӯъмини ту ба ту содир шавад, тамоми он бадӣ ва зиштиҳоро ба ӯ ҳавола карда ӯро маҳкум карда наметавонӣ. Чунки:
Аввалан:
Дар он қадари Илоҳиро ҳиссае мебошад. Он ҳиссае қадарро ҷудо карда ба муқобили он ҳиссае қадар ва қазо бо ризо муқобила кардан лозим аст.
Сониян: Дар он қусур нафс ва шайтонро низ ҳисса мебошад, пас бояд ту ҳисси нафси шайтониро низ дар назар бигирӣ. Ба ҷое, ин ки ба ӯ душмани кунӣ, ба ӯ дилсӯзӣ ва марҳамат кун. Чунки, нафс ва шайтони ӯ болои ӯ ғолиб омадааст. Пас бояд, ки ту ба надомат (тавба) ва пушаймони ӯ интизор шавӣ.
Солисан: Ту қусури нафси худро, ки намебинӣ ва дидан намехоҳӣ бубин. Як ҳисса низ ба ӯ биде. Баъдан ба муқобили он ҳиссаи хурди боқимонда бо олиҷаноб ва бо афву, ки бисёр бо саломат ва бисёр тез душмани туро мағлуб хоҳат сохта муқобила намои аз зулм ва аз зарар наҷот хоҳӣ ёфт. Вагарна монанди як яҳудии зарфурӯш ва маст ва девона шуда ва шишаҳо ва порчаҳои яхро ба қиматбаҳои алмос мехарад ба панҷ пул намеарзидани фонӣ, бедавом ва беаҳмияти умури дунёӣ, гуё абадӣ ва доими баробар дар дунё мемонада бошӣ бо як ҳирси шадид ва бо як кинаи доими давомдор бо адоват муқобила кардан, як золимият аст, ва ё як мастӣ аст, ва ё як навъи девонагӣ аст.
Инак, адоват ва фикри интиқом, ки аз назари шахси инқадар музир мебошад. Агар шахсӣ худро дӯст дорӣ, роҳ маде, ки адоват ва фикри интиқом дар қалби ту ҷо бигирад. Агар дар қалбат ҷо гирифта бошад, гуфтаҳои ӯро гӯш макун. Нигоҳ кун, ҳақиқатбин Ҳофизи Шерозиро гӯш кун:
Дунё на матоъест, ки арзад ба низоъе
Яъне: “Дунё онгуна як мато ва моле нест, ки ба як низоъ ва ситеза биарзад.” Чунки фонӣ ва бе давом аст. Ба сабаби фонӣ будан ва бе давом буданаш бе аҳмият мебошад. Ин дунёи бузург ингуна бе аҳмият бошад, чизҳои ҷузъӣ, ки дар ин дунё мавҷуд аст, чӣ қадар бе аҳмият будани онро худат медонӣ!… Ҳам гуфтааст:
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарфаст,
Бо дӯстон мурувват бо душманон мудоро.
Яъне: “Роҳат ва саломатии ду ҷаҳонро ин ду ҳарф тафсир мекунад, сабаби ба даст овардани нафъи он мешавад. Яъне, ба муқобили дӯстон бо мурувват ва инсоф ва ҷавонмардӣ ва самимият муъошират ва муносибат кардан аст ва ба муқобили душманон сулҳомез муомила кардан аст.”
Агар бигӯӣ: Ихтиёр дар дасти ман нест, адоват дар фитрати ман вуҷуд аст, ин хислати душманиро ман раҳо карда наметавонам.
Алҷавоб: Агар аз бадрафторӣ ва бад ахлоқӣ ва аз хислати бад асаре дида нашавад, ва аз ғайбат ва аз чизҳое, ки боиси иқтизо ва лузуми ғайбат мешавад амал карда нашавад, қусури худро ҳам бидонад, зараре нахоҳад дошт. Модоме, ки ихтиёр дар дасти ту нест ва аз адоват ва душманӣ даст бардошта наметавонӣ, айби худро ва бадрафторӣ ва бадахлоқии худро низ медонӣ, инҳоро донистани ту сабаби як пушаймони маънавӣ, як тавбаи махфӣ ва як истиғфори зимнӣ ва пинҳони мешавад, ки туро аз шарри адоват ва душманӣ наҷот медиҳад. Зотан мо ин мактубро навиштем то як истиғфори маънавиро таъмин кунад, ноҳаққӣ ва ноадолатиро ҳақ ва адолат надонад. Душмании барҳақро, ноҳақ бар сари забон наёварӣ.
Ҷои диққат бо як ҳодиса: Як замон натиҷаи ин тарафгирии ғаразкоронаро дидам чунон, ки як диндор аҳли илм, як зоти олими солеҳеро, ки ба фикри сиёсиаш мухолиф буд, ба дараҷаи кофир шуморидан таҳқир кард. Ва як мунофиқе, ки ба фикри худаш буд, бо ҳурмат ва эҳтиром ситоиш кард. Инак, ман аз натиҷаҳои бади сиёсат тарсидам ва гуфтам: 6 اَعُوذُ بِاللّٰهِ مِنَ الشَّيْطَانِ وَ السِّيَاسَةِ
Аз он замон баъд аз ҳаёти сиёсӣ даст бардоштам.
Ҷиҳати панҷум: Бениҳоят музир будани инод ва тарафгириро аз назари ҳаёти иҷтимоӣ баён мекунад.
Агар гуфта шавад: Дар ҳадиси шариф гуфта шудааст:
Ихтилоф бошад, тарафгириро тақозо мекунад.
Ҳам марази тарафгирӣ, авоми мазлумро аз шарри золими хос, наҷот медиҳад. Чунки: Агар табақаи хавоси як вилоят ва ё як деҳа бо ҳам иттифоқ кунанд, авоми мазлумро поймол хоҳанд кард. Агар тарафгири бошад, мазлум ба як тараф паноҳ бурда илтиҷо карда, худро наҷот хоҳад дод. Ҳам аз тасодуми афкор ва тахолифи уқул, яъне ихтилофи ақлҳо ҳақиқат тамоман зуҳур мекунад.
Алҷавоб: Ба саволи аввал мегӯем ки ихтилофе, ки дар ҳадиси шариф аст, як ихтилофи мусбат мебошад. Яъне ҳар яке ба таъмир ва ривоҷи маслаки худ саъю кӯшиш мекунанд. На ба нобуд кардани маслаки якдигар. Балки ба такмил ва ислоҳӣ маслаки якдигар саъю кӯшиш мекунанд. Аммо ихтилофи манфӣ бошад, ғаразкорона, адоваткорона ба тахриби якдигар кӯшиш кардан мебошад, ки аз назари ҳадиси шариф ингуна ихтилофи манфӣ мардуд аст. Чунки, ононе ки бо ҳам ҷангу ҷанчолӣ ва маноқиша мекунанд, наметавонанд, ки бо ҳам ҳаракати мусбат кунанд.
Ба саволи дуюм мегуем ки: Тарафгирӣ агар ба номи ҳақ бошад, ба ҳақдорон метавонад паноҳгоҳе барои аҳли ҳақ бошад. Фақат тарафгирие, ки монанди ҳоли ҳозир ғаразкорона ва ба ҳисоби нафс мебошад, ба но ҳақҳо паноҳгоҳ аст, ки ба онҳо нуқтаи истинод ташкил хоҳад кард. Чунки, як одаме ки тарафгири ғаразкорона кунад, агар назди ӯ як шайтон биёяд ва ба фикри ӯ ёрдам ва кӯмаке кунад, он одам ба он шайтон раҳмат хоҳад хонд. Агар ба тарафи муқобил ӯ монанди малоика як одам биёяд, ба ӯ ҳошо! Ба дарҷаи лаънат хондан ноҳақӣ ва бе ҳурматӣ нишон медиҳад.
Ба саволи сеюм мегӯем ки: Тасодуми афкоре, ки бо номи ҳақ ва ба ҳисоби ҳақиқатро изҳор карда ва ба ҳисоби ҳақиқат мебошад, дар мақсад ва асос баробар ва бо иттифоқ, дар сабабҳо ихтилоф мекунад. Ҳар гӯшаи ҳақиқатро изҳор карда, ба ҳақ ва ҳақиқат хизмат мекунанд. Фақат аз як тарз тасодуми афкоре, ки тарафгирона ва ба ҳисоби нафси аммораи фиръавнона ва худфурӯшона ва шӯҳратпарварона мебошад, на дурахшишу нуроният ва нури ҳақиқат, балки аташҳои фитна пайдо мешавад. Чунки, дар мақсади иттифоқ лозим бояд бошад, вале боиси сабаби оташи фитна мешавад. Барои афкори ингуна ашхос, ки сабаби оташи фитна мешаванд, дар кураи замин низ нуқтаи висол ва расидан ба мақсад пайдо нахоҳад шуд. Барои ин ки ба номи ҳақ намебошад. Бениҳоят муфритона ва аз ҳад гузаштагӣ ва беандоза бо туғён ҳаракат мекунанд. Ва ба иншиқоқҳои илтиёмнопазир сабабитият медиҳанд. Яъне ба иншиқоқ ва ҷудоиҳое, ки монанди захмоҳои хуб нашудани боис мешаванд. Ҳоли олам ба ин шоҳид аст.
Алҳосил: اَلْحُبُّ لِلّٰهِ ۞ وَالْبُغْضُ فِى اللّٰهِ ۞ وَالْحُكْمُ لِلّٰهِ агар ин дастурҳои олии боло, дастури ҳаракот набошад. Нифоқ ва шиқоқ ва ҷудои ба миён хоҳад омад. Бале агар اَلْبُغْضُ فِى اللّٰهِ ۞ وَالْحُكْمُ لِلّٰهِ нагуяд, он дастурҳоро дар назар нагирад, ба ҷойи ин ки бихоҳад адолат кунад, зулм мекунад.
Ҷои ибрат ба як ҳодиса: Як замон ҳазрати Имом Алӣ (р) як кофирро ба замин андохта шамшери худро кушода мехост, ки сари он кофирро аз тан ҷудо кунад. Дар ҳамин лаҳза он кофир болои ҳазрати Алӣ (р) туф кард. Ҳазрати Алӣ (р) кофирро раҳо кард ва накушт. Он кофир ба ҳазрати Алӣ (р) гӯфт ки:
— “Чаро маро накуштӣ”? Ҳазрати Алӣ (р) дар ҷавоб гуфт:
— “Туро ба хотире, ки Аллоҳ (ҷ) амр карда буд мекуштам. Фақат ту болои ман туф кардӣ. Ман ба қаҳр омадам ва ғазабноку хашмгин шудам ва ин ҳиддати ман ба ихлосом зарар расонид, туро ба хотири он накуштам.” Он кофир ба ҳазрати Алӣ (р) гуфт:
— “Туро ба қаҳр овардам ва хашмгин сохтам, барои ин, ки ту маро зуттар бикушӣ.” Баъдан гуфт: “Модоме, ки дини шумо инқадар соф ва холис мебошад, пас ин дини шумҳо дини ҳақ аст.”
Ҳам мадори диққат ба як воқеа: Замоне як ҳоқим дасти дуздеро қатъ кард, омири одиле, ки бар кораш назорат мекард, ба хотири шиддати амале ки дар ӯ дид эшонро аз вазифааш азл ва барканор кард, чунки агар ба номи шарият ва ба ҳисоби қонуни илоҳӣ дасти он дӯздро қатъ мекард, балки нафси он ҳоким ба он дузд дард мекард. Ва қалбаш низ ҳиддат ва ғазаб нанамуда, фақат марҳамат низ накарда дасти он дуздро катъ мекард. Пас дар ин сурат маълум мешавад, ки он ҳоким ба хотири он ки як ҳисса барои нафси худ аз он хукм ҷудо карда буд, ки ба адолат кор карда натавонист.
Ҷои таассуф ба як ҳолати иҷтимоӣ ва ба як марази мудҳиши ҳаёти иҷтимое, ки қалби Исломро ба гиря оварда аст:
Дар вақти ҳуҷум кардани душманони хориҷӣ, адовату душманиҳои дохилиро фаромӯш карда душманиҳоро раҳо кардан, ки як маслиҳати иҷтимоӣ мебошад, ин маслиҳатро ақвоми бадавӣ, яъне қавмҳои бодиянишин чодарнишин низ тақдир, таҳсин ва татбиқ кардаанд. Яъне он ақвоми бодянишин ва чодарнишин низ ба муқобили ҳуҷумҳо ва зуҳури душманони хориҷӣ аз адовату душмании дохли дасткашида ва иттиҳоду иттифоқ кардаанд. Ин маслиҳати иҷтимоиро татбиқ кардаанд. Пас дар ин ҳол ва аҳволи ононе, ки даъвои хизмат ба Исломро мекунанд чӣ шудааст, ки бо вуҷуди ин қадар душманони беҳаду канор, ки яке паи дигире вазъияти ҳуҷум карданро гирифтанд, адоватҳо ва душманҳои ҷузъии хешро фаромӯш накарда барои ҳуҷуми душманон, заминро омода мекунанд. Ин ҳолат суқут буда ва ваҳшатовар аст. Барои ҳаёти иҷтимои ислом хиёнат аст.
Мадори ибрат ба як ҳикоя: Аз қабилаҳои чодарнишин як қабилае, ки ба номи қабилаи «Ҳасанон» ёд мешуд. Ба сабаби душмани ба ду тоифа тақсим шуда зиндагӣ мекарданд. Дар ҳоле, ки ин ду тоифа аз якдигир аз панҷоҳ нафар зиёдтар кушта буданд. Бо вуҷуди ин ҳам вақти бо яке аз қабилаи дигаре, ки ба номи «Сепкон» ва ё «Ҳайдарон» муқобил мешуданд, он ду тоифа душманиҳои собиқи худро фаромӯш карда шона ба шона дода то рафъ кардани қабилаҳои хориҷӣ душманиҳои дохилии худро ба хотир намеоварданд.
Инак эй мӯъминон! Оё медонед, ки ба муқобили қабилаи Ислом чӣ қадар қабилаҳои душман як вазияти таҳоҷум ва таҷовузро гирифтаанд? Ин қабилаҳои душман. Яке даруни дигаре монанди доирҳое, ки яке дохили дигари ҷогирифтанд аз сад доира зиёдтар ҳастанд. Дар ҳоле, ки ба муқобили ҳар як аз ин доираи душманон тавофуқ, ҳамоҳангӣ, ҳамкорӣ, кӯмак ба якдигар, даст ба дасти ҳамдигар дода, маҷбур ба як вазияти мудофӣ ба муқобили ин душманон мебошем. Бо вуҷуди ин ҳама оё барои осони ҳуҷуми ин душманон ба дохили қалъаи Ислом, дарвозаҳоро боз кардан, тарафгири ғаризкорона намудан ва мақсади адоваткорона кардан оё ба аҳли имон зеб хоҳад дод? Яъне оё ин ҳама кирдори мо ба ҳеҷ як ҷиҳат ба аҳли имон зеб хоҳад дод? Он доираҳои душман аз аҳли залолат ва гумроҳон ва аҳли илҳод гирифта то ба олами аҳли куфр то ба аҳвол ва вазъияти дунё ва то ба мусибатҳо ва балоҳо яке дохили дигари ба муқобили шумо як вазъияти зиёновар ва музир гирифтаанд, ки яке паи дигаре ба шумо бо қаҳру ғазаб ва бо ҳирс ва тамаъ нигоҳ мекунанд. Балки ингуна ҳафтод навъи душман вуҷуд дорад. Ба муқобили тамоми инҳо силоҳ ва сипар ва қалъаи ту ухуват ва бародарии исломи мебошад. Ин қалъаи Исломиро бо душманиҳои хурд ва баҳонаҳо ларзондан ва такондан ва хароб кардан чӣ қадар хилофи виҷдон ва чӣ қадар хилофи маслиҳати исломӣ мебошад, инро бидон ва ҳушёр шав!
Дар ҳодисҳои шариф омадааст ки: Дар охируззамон, ашхоси шарир ва музир ва мунофиқ ва мудҳиш монанди суфиён ва даҷҷол ба қудрат расида идораро ба даст гирифта, аз ҳирс, шиқоқ, ҷудоии Ислом ва башар истифода намуда бо як қуввати кам навъи башарро ба ҳараҷу мараҷ андохта ва олами бузурги Исломро таҳти асорат мегирад.
Эй аҳли имон! Агар намехоҳед, ки дар зиллат, хору зорӣ ва бадбахтӣ ва таҳти асорот бимонед, ақлатонро ба саратон бигиред! Ба муқобили золимоне, ки аз ихтилофатон истифода мекунанд, дар қалъи муқаддаси 7اِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ اِخْوَةٌ дохил шавед. Дар ғайри он, на ҳаёти худро муҳофиза карда метавонед ва на ҳуқуқи худро мудофиъа карда хоҳед тавонист. Маълум аст, ки дар вақти даст ба гиребон гирифта ва ҷанг кардани ду қаҳрамон як кӯдак ҳар дуи онҳоро зада хоҳад тавонист. Дар як мизон ду кӯҳ ба муқобили якдигар дар вазн ва муодил бошад, як санги хурд мувозинаи он кӯҳҳоро хароб карда бо он ду кӯҳ бозӣ карда хоҳад тавонист. Яъне якеро боло якеро поён хоҳад овард.
Инак эй аҳли имон! Аз ҳирс ва тамаъҳои шумо ва аз тарафгириҳои хусуматкорона ва душманони шумо қуввати шумо ҳеҷ хоҳад шуд. Бо як қуввати кам поймол шуда хоҳед шуд. Агар ба ҳаёт ва зиндагии иҷтимоии худ алоқа дошта бошед, дастури олии اَلْمُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِ كَالْبُنْيَانِ الْمَرْصُوصِ يَشُدُّ بَعْضُهُ بَعْضًا ро дастури ҳаёт намоед, аз сафолати дунявию шақовати ухравӣ наҷот биёбед! Яъне аз пастӣ, тангдастӣ, бадбахтӣ, фақр, зиллати дунёӣ, шақоват, зулм ва бадии ухравӣ наҷот пайдо кунед.
Ҷиҳати шашум: Ҳаёти маънавӣ ва сиҳати убудият бо адовату душманӣ ва инод, хароб мешавад.
Чунки: Ба сабаби адоват ва инод ихлос, ки воситаи халос ва василаи наҷот аст, ба бефоида пароканда мешавад. Зеро як тарафгири якравӣ ба хотири амалҳои хайри худ ба нафари муқобили худ, бузургӣ ва болоӣ хаҳад хост. Ба амали холисан ливаҷҳиллоҳи онқадар мувофиқ нахоҳад шуд. (яъне бо амали холис ба ризоии Худо (ҷ) мувофиқ нахоҳад шуд.) Ҳам дар ҳукм ва муомилоти худ тарафгири худро тарҷеҳ хоҳад кард, адолат карда нахоҳад тавонист. Инак, дар ин сурат ихлос ва адолат ки асосҳои афъол ва амалҳои хайрия мебошад, бо хусумату душмани нопадид шуда ва аз байн меравад.
Ин ваҷҳи шашум бисёр дароз аст. Фақат ба хотири кӯтоҳ ва мухтасар будан қабилияти мақом хулоси калом мекунем.
***
Боби дуввум
1بِسْمِ اللّٰهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحٖيمِ
8اِنَّ اللّٰهَ هُوَ الرَّزَّاقُ ذُو الْقُوَّةِ الْمَتٖينُ ۞ وَكَاَيِّنْ مِنْ دَٓابَّةٍ لَا تَحْمِلُ رِزْقَهَا اَللّٰهُ يَرْزُقُهَا وَاِيَّاكُمْ وَ هُوَ السَّمٖيعُ الْعَلٖيمُ
Эй аҳли имон! Собиқан бо зарар будани душманиро донистӣ. Ҳам бидон, ки ба ҳаёти Исломӣ ба қадари адовату душманӣ як марази бо зарар ва мудҳиши хатарноки дигар низ ҳирс мебошад. Ҳирс сабаби иллату зиллат ва ҳайбат аст ва маҳрумият ва пастиро ба бор меорад. Бале, аз ҳар миллат зиёда бо ҳирс ба дунё ҳамла карда зиллат ва сафолати миллати яҳудӣ, ба ин ҳукм як шоҳиди қатъӣ мебошад. Бале ҳарисӣ, дар олами зиҳаёт аз як доираи васеъ то ба андозаи як фарди ҷузъӣ сӯъи тасир, яъне таъсири бади худро нишон медиҳад. Баръакс талаби ризқ таваккулвор бошад, сабаби роҳат мебошад. Ва дар ҳарҷо ҳусни таъсири худро нишон медиҳад. Инак, як навъи зиҳаёт ва муҳтоҷ ба ризқ, ки дарахтони мевадор ва наботот мебошад, ки таваккулвор, қаноаткорона дар ҷойҳои худ истода ба сабаби ҳирс нишон надодани худ, ризқҳои эшон давида назди эшон меёяд.
Инҳо аз ҳайвонот зиёд авлод мепарваронанд. Ҳайвонот бошад, ба сабаби инки бо ҳирс ба суӣ ризқҳои худро медаванд, бо бисёр заҳмат ва бо нуқсоният ризқҳои худро ба даст оварда метавонанд. Ҳам дар дохили доираи ҳайвонот таваккул кардани атфоли ҳайвонот бо лисони заъф ва аҷзашон ва ба ин сабаб дода шудани ризқи эшон ба сурати машрӯъ ва мукаммал ва латиф аз хазинаи раҳмат, ва ҷонвароне, ки бо ҳарисӣ ба разоқҳои худ ҳамла карда ва ғайри машрӯъ, бо заҳмати бисёр бадаст овардани ризқи нохушияшон нишон медиҳад, ки ҳирс сабаби маҳрумият аст. Таваккул ва қаноат бошад, василаи раҳмат аст.
Ҳам дар доираи инсонӣ аз ҳар миллати дигар зиёда бо ҳирс ба дунё часпидан ва бо ишқ ба ҳаёти дунявӣ дил додани миллати яҳудӣ, манфиате ки бо заҳмати зиёд бадаст меорад, фоидааш барои худаш кам, танҳо ба сабаби хазинадори намудааш бо як сарвати рибоӣ, яъне фоизӣ ва ғаёри машрӯъ ва хурдони шаллоқи зиллату пастӣ аз тамоми миллатҳо, қатл ва хиёнат нишон медиҳад, ки ҳирс маъдани зиллат ва ҳасорат мебошад. Ҳам як инсони ҳариз, ҳар вақт доир ба афтодани ӯ ба ҳисорат онқадар воқеъҳо мавҷуд аст ки اَلْحَرٖيصُ خَائِبٌ خَاسِرٌ ба ҳукми зарбул масал гашта дар назари умум бо сурати як ҳақиқати омма қабул шудааст.
Аҳли қаноат ва аҳли ҳирс, ба ду шахсе мемонанд, ки дар меҳмонхона як одами бузурге дохил мешаванд. Аз он ду шахс яке дар қалби худ мегӯяд “маро танҳо қабул кунда то аз сармои берун наҷот ёбам кофист. Ҳатто агар поёнтарин ҷойгоҳро низ ба ман бидиҳанд, лутфи бузург дар ҳаққи манааст.”
Аз он ду шахс, одами дуюмӣ гӯё ҳаққе дошта бошад, ки ҳар кас маҷбур ба ҳурмат кардани ӯ бошад, мағрурона мегӯяд, ки “бояд болотарин ҷойгоҳро ба ман диҳанд.” Бо он ҳирс дохил мешавад, чашми худро ба мавқеъҳои боло медӯзад. Мехоҳад ба он мавқеъҳо биравад, фақат соҳиби меҳмонҳона ӯро баргардонда ба поин менишонад. Дар сурате, ки ба соҳиби меҳмонхона ташаккур кунад, баҷои ташаккур аз қалби худ қаҳр мекунад ва асабонӣ мешавад. Ташаккур накарда, баръакс соҳиби хонаро танқид мекунад.
Соҳиби хона низ аз ӯ истисқол мекунад. Яъне ба ӯ аҳмият намедиҳад.
Шахси якум, мутавозиона (хоксор) дохил мешавад. Мехоҳад, ки дар поён бинишинад, соҳиби меҳмонхона аз ин қаноати шахси якум хушаш меояд. “Ба ҷойгоҳи боло бифармоед” мегӯяд. Ӯ низ ба дараҷа дараҷа ташаккуроти худро баён мекунад, мамнунияташ зиёда мешавад. Инак, дунё як меҳмонхонаи Раҳмонӣ аст. Рӯйи замин як суфраи Раҳмат аст. Дараҷаҳои ризқҳо ва мартабаҳои неъмат низ ба ҳукми ҷойгоҳҳо мебошад. Яъне дараҷоти ризқҳо ва мартабаҳои неъмат низ, аз худ мартабаҳо дорад. Ҳам дар корҳои хеле ҷузъӣ низ ҳар кас таъсири бадии ҳирсро ҳис мекунад.
Масалан: Ду гадо вақте чизе бихоҳанд, он гадое, ки бо ҳирс исрор карда чизе мехоҳад, ба сабаби он ҳирси вай ба ӯ чизе надода, гадои дигар, ки сокин ва ором дар ҷои худ нишаста ба ӯ марҳамат карда чиз доданро ҳар кас дар дили худ ҳис мекунад.
Ҳам масалан: Шаб хоби ту парид, ту мехоҳӣ, ки хоб кунӣ. Агар бе қайд бимонӣ, балки хобат биёяд. Агар хобро бо ҳирс бихоҳӣ “амон хоб кунам – амон хоб кунам” бигӯӣ, тамоман хобат хоҳад парид.
Ҳам масалан: Барои як натиҷаи муҳим якеро интизори мекунӣ. “Амон – наёмад, Амон наёмад” гӯфта ниҳоят ҳирс сабри туро халос карда бархоста меравӣ; баъд аз як дақиқа он одам меояд; фақат натиҷаи муҳим он интизори хароб мешавад. Аз байн меравад.
Сирри ин ҳодисот инаст ки:
Читавре, ки вуҷуди нон ба мазраа, хирман, осиёб, танур тараттуб мекунад; яъне барои ба вуҷут омадани нон инҳо лозим аст. Онгуна низ дар тартиби чизҳо як тааннии ҳикмат мавҷуд аст. Ба сабаби ҳирс бо тааннӣ (эҳтиёт) ҳаракат накардан, он зинаҳои маънавӣ бо тартиби ашиёро риоя намекунад. Ё хеззада меафтад ва ё инки як зинаро нуқсон мемонад; ба максад расида наметавонад.
Инак эй бародароне, ки бо дарди маишат сарсом ва бо ҳирси дунё маст шудаед! Дар ҳоле, ки ҳирс ин қадар музир ва як чизи балост, чигуна дар роҳи ҳирс ҳар вақт зиллатро иртикоб карда ва ҳаром ҳалол нагуфта ҳар молро қабул ва барои ҳаёти ухравӣ чизҳои бисёр лозимро фидо мекунед; ҳатто закот, ки як рукни муҳими аркони Исломӣ мебошад, дар роҳи ҳирс тарк мекунед?..
Дар ҳоле, ки закот барои ҳар шахс сабаби баракат ва дафъи балоҳо мебошад. Касе, ки закот намедиҳат ба ҳар ҳол аз дасташ ба миқдори закоти молаш берун хоҳад шуд. Ё ба ҷои ғайрилозим сарф хоҳад кард. Ва ё як мусибат омада хоҳад бурд.
Дар як хоби хаёли бо ҳақиқат, дар соли панҷум, ҷанги ҷаҳонии яукум, дар як хоби аҷиб аз ман савол шуд:
“Ин гуруснагӣ, ин аз байн рафтани мол ва машақатҳои бадани болои мусулмонон аз барои чист?”
Дар хоб гуфта будам:
“Ҷаноби Ҳақ аз баъзе молҳо аз даҳ як ([1]) ва ё аз баъзе молҳо аз чил як ([2]), аз он чил ҳисса як ҳисса мехоҳад. Аз молҳое, ки худи Ҷаноби Ҳақ барои мо дода буд аз он якеро хост то, ки барои мо сабаби бадаст овардани дуоҳои фақирҳо шавад ва кина ва ҳасадҳои эшонро аз мо манъ кунад. Мо аз барои ҳирси худ тамаъкори намуда надодем. Ҷаноби Ҳақ закоти мутарокими худро яъне закоти ҷамъ шударо аз чил сий, аз даҳ ҳашт ҳиссаро гирифт.
[1] Ҳошия: Яъне дар ҳар сол аз малҳои тоза монанди гандум аз даҳ яки.
[2] Ҳошия: Яъне аз молҳоие ки собиы дода аст, аз чил яки: монади гов, гӯсфанд, шутур ва дигар ки, дар ҳар соли щолибан аз ҷиҳати рибҳи тиҷорӣ ва насли ҳайвони аз он чил даҳ дона тоза медиҳад.
Ҳам дар ҳар сол танҳо як моҳ, як гуруснагие, ки дар он ҳафтод ҳикмат дарҷ шудааст аз мо талаб намуд. Мо ба нафси худ дил сӯзӣ карда, як гуруснагии муваққат ва бо лаззатро таҳамул накардем. Ҷаноби Ҳақ ҷазои онро бо ҳафтод ҷиҳат як навъи рӯзаи бо мусибатро дар зарфи панҷ сол болои мо ҷубран гирифтонд.
Ҳам аз бисту чаҳор соат танҳо як соати онро барои як навъи таълимоти Рабоннӣ, ки хуш ва улвӣ, нуронӣ ва бо фоида буд, аз мо талаб кард. Мо танбали карда он намозро ба ҷо наовардем, яъне одо нанамудем. Он як соатро ба соатҳои дигар илова намуда бефоида гузарондем. Ҷаноби Ҳақ ба ивази каффорати он, панҷ сол болои мо бо таълим ва таълимот ва давониданиҳо як навъи намоз гузаронид.” Гӯфта будам. Баъдан ба худ омадам, андешидам, фаҳмидам, ки дар он хоби хаёли як ҳақиқат бисёр муҳим мавҷуд мебошад. Дар Гуфтори Бисту Панҷум бинобар исбот ва баёни баҳси мувазана байни ҳукми Қуръон ва маданият, сарчашмаи тамоми бадахлоқиҳои ҳаёти иҷтимоии башар ва сарчашмаи тамоми ихтилолҳо ва бе назмиҳо ду калима мебошад.
Якум: “Вақте, ки ман сер бошам дигараш аз гуруснагӣ бимирад ба ман чӣ.”
Дувум: “Ту кор кун ман бихӯрам.”
Идома диҳандаи ин ду калима низ ҷараёни рибо ва тарки закот мебошад. Чораи ягонаи тадовии ин ду марази мудҳиш ва хатарноки иҷтимои, иҷрои закот ба сурати як дастури умумӣ, вуҷуби закот ва ҳурмати рибо мебошад.
Ҳам на танҳо ба ашҳоси хусусӣ ва ҷамоатҳо балки ба саодати ҳаёти умуми навъи башар як рукни муҳим, балки барои давоми ҳаёти инсоният як пояи муҳим закот мебошад. Чунки дар башар, хавосс ва авом ду табақа мавҷуд аст. Аз хавосс ба авом марҳамат ва эҳсон, аз авом ба муқобили хавосс, ҳурмат ва итоатро закот таъмин мекунад. Вагарна, аз боло ба сари авом зулм ва таҳаккум фуруд хоҳад омад; аз авом ба муқобили тавонгарон кина ва исён хоҳад баромад. Ҳар ду табақаи башар дар як муҷодилаи маънавӣ, дар як кашмакаши ихтилофӣ хаҳанд монд. То омада – омада чунон, ки дар Русия шуда буд ба сурати муҷодилаи саъй ва сармоя ба мунозиа хоҳад пардохт.
Эй аҳли карам ва виҷдон! Ва эй аҳли саховат ва эҳсон!
Агар эҳсонот, яъне бахшишҳо ва некиҳо ба номи закот набошад, се зарар хоҳад дошт. Баъзан ҳам бе фоида хоҳад рафт. Чунки, вақте ки ба номи Аллоҳ (ҷ) намедиҳӣ маънан миннат мекунӣ, фақири бечораро дар таҳти асорат мегузорӣ. Ҳам аз дуои мақбули вай маҳрум мемонӣ. Ҳам ҳақиқатан дар ҳоле, ки бахотир додани моли Ҷаноби Ҳақ барои бандагони вай як маъмури тавзеъот ҳастӣ, ту худро соҳиби мол гумон карда як куфрони неъмат мекунӣ. Агар баноми закот бидиҳӣ, чун дар ин сурат ба номи Ҳақ медиҳӣ, як савоб бадаст меорӣ. Як шукрони неъмат аз худ нишон медиҳӣ. Он одами муҳтоҷ низ чун иззати нафси вай нашикаста ва дуои вай низ ба ҳаққи ту қабул хоҳад шуд. Бале ба қадри закот, балки бисёр зиёд нофила ва эҳсон, ва ё инки бо дигар суратҳо додан монанди риё ва шуҳрат, монанди миннат ва тазлил зарарҳоро бадаст овардан куҷост? Ба номи закот он некиҳоро карда ҳам фарзро адо карада, ҳам саваб, ҳам ихлос, ҳам як дуои мақбулро бадаст овардан куҷост?
9سُبْحَانَكَ لَا عِلْمَ لَنَٓا اِلَّا مَا عَلَّمْتَنَٓا اِنَّكَ اَنْتَ الْعَلٖيمُ الْحَكٖيمُ
اَللّٰهُمَّ صَلِّ وَ سَلِّمْ عَلٰى سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ الَّذٖى قَالَ «اَلْمُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِ كَالْبُنْيَانِ الْمَرْصُوصِ يَشُدُّ بَعْضُهُ بَعْضًا» وَ قَالَ «اَلْقَنَاعَةُ كَنْزٌ لَا يَفْنٰى» وَعَلٰى اٰلِهٖ وَصَحْبِهٖ اَجْمَعٖينَ اٰمٖينَ وَالْحَمْدُ لِلّٰهِ رَبِّ الْعَالَمٖينَ
***
Хотима
ДАР ҲАҚҚИ ҒАЙБАТ
بِاسْمِهٖ وَ اِنْ مِنْ شَىْءٍ اِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهٖ
Дар Мақоми Нуқтаи Панҷуми Шуоъи Якуми Шӯълаи Якуми Калимаи Бисту Панҷум аз мисолҳои зам ва заҷр, яъне бад гӯӣ ва айбҷӯйӣ, ки дар як ояти муҷизона бо шаш тарз аз ғайбат нафрат намуда дар назари Қуръон чӣ қадар зишт ва палид будани ғайбатро тамоман нишон дода ба баёноти дигаре эҳтиёҷ нагузаштааст. Бале баъд аз баёни Қуръон баёни дигар набояд бошад ва эхтиёҷ ҳам нест.
Инак дар ояти 10 اَيُحِبُّ اَحَدُكُمْ اَنْ يَاْكُلَ لَحْمَ اَخٖيهِ مَيْتًا бо шаш дараҷа замро яъне бадгӯӣ ва айбҷӯӣро накӯҳиш мекунад. Аз ғайбат дар шаш мартаба бошиддат заҷр мекунад. Ин оят билфеъл, яъне амалан ба ғайбат кунандагон мутаваҷҷеҳ шавад, маънояш ба тарзе, ки дар поён зикр шудааст мебошад. Ингуна ки:
Маълум аст: Алиф, ба ибораи дигар ҳамза, ки дар аввали оят қарор дорад, савол кардан, яъне (оё)ро ифода мекунад. Он савол кардан яъне (оё) монанди об ба тамоми калимаҳои оят дохил мешавад. Дар ҳар калима як ҳукми зимнӣ (махфӣ) мебошад.
Инак, якум: Бавоситаи ҳамза мегӯяд, ки оё шумо ақл, ки маҳали савол ва ҷавоб мебошад, надоред, ки ин қадар як чизи зиштро намедонед?
Дуюм, бо лафзи يُحِبُّ мегуяд ки: Оё қалби шумо, ки маҳали дӯст доштан ва нафрат мебошад, хароб шудааст, ки ин қадар як кори манфур (нафратшуда)-ро дӯст дорад?
Сеюм:
Бо калимаи اَحَدُكُمْ мегӯяд ки: Ҳаёти маданият ва иҷтимои шуморо, ки ҳаёти худро аз ҷамоат гирифта ва қатъ кардааст, чӣ шудааст ки ингуна амале, ки ҳаёти шуморо заҳролуд сахтааст қабул мекунад?
Чорум, бо каломи يَاْكُلَ لَحْمَ мегӯяд ки: Инсонияти шуморо чӣ шуда аст, ки гӯё монанди ҷонварони дарранда дӯст ва рафиқи худро бо дандон пора мекунад.
Панҷум, бо калимаи اَخٖيهِ мегӯяд ки: Оё ҳеҷ риққати ҷинси, яъне силлаи раҳм ва шафқати ҷинси надоред, ки як шахси мазлумро, ки аз бисёр ҷиҳатҳо бародари шумо мебошад шахсияти маънави вайро бо беинсофи дандон мекунед? Ва ҳеҷ ақл надоред, ки аъзои худатонро худатон девонавор дандон мекунед?
Шашум, бо каломи مَيْتًا мегӯяд ки: Виҷдони шумо куҷост? Оё сиришт ва фитрати шумо хароб шудааст, ки ба муқобили бародари муҳтарами худ ингуна амали зиштро анҷом медиҳад? Яъне гӯё гӯшти ӯро бо дандон мегазед ва мехӯред.
Пас маълум мешавад, ки бо ифодаи ин оят ва далолати калимаҳо ба сурати ҷудогона; зам ва ғайбат, ақлан ва қалбан ва аз рӯйи инсонияту виҷдон ва аз рӯйи фитрату миллият, мазмум ва ношоиста аст. Инак нигоҳ кун, чигуна ин оят, эъҷозкорона дар шаш мартаба замро замима мекунад. Яъне бадгӯйӣ ва айбчӯиро накӯҳиш мекунад. Эҷозкорона дар шаш дараҷа аз он гуноҳ манъ мекунад.
Ғайбат, як силоҳи бисёр паст, барои ахли адоват, ҳасад ва инод мебошад, як инсони соҳиби иззати нафс, ба ин силоҳ таназзул карда истеъмол намекунад. Чигуна ки як одами машҳур гӯфта аст:
اُكَبِّرُ نَفْسٖى عَنْ جَزَاءٍ بِغِيْبَةٍ § فَكُلُّ اِغْتِيَابٍ جَهْدُ مَنْ لَا لَهُ جَهْدٌ
Яъне: “Нафси худро барои ҷазо додан ба душмани худ бо ғайбат, боло ҳис мекунад. Чунки, ғайбат силоҳи залилҳо ва заифҳо аст. Яъне силоҳи инсонҳои паст мебошад.”
Ғайбат он аст ки: Агар он шахсе, ки дар борааш ғайбат шуда буд, ҳозир мебуд ва мешунид, кароҳат карда хоҳад меранҷид. Агар он гуфтугӯ рост бошад, зотан ғайбат гуфта мешавад. Агар он гуфтугӯ ва сӯхан дуруғ бошад, ҳам ғайбат ҳам ифтиро (туҳмат) мебошад. Як гуноҳи зишти дукарата мебошад.
Ғайбат, махсус дар як чанд модда ҷоиз шуда метавонад:
Якум:
Барои гирифтани ҳаққи худ, ғайбат ҷоиз аст. Яъне ба сурати шикоят ба одами вазифадор мегуяд, то ки кумак карда он мункарро, он қабоҳатро аз он бартараф кунад ва ҳаққи вайро аз ӯ бигирад. Яъне он кори ношоистаро, он тахаллуфро аз ӯ дафъ кунад ва ҳақи вайро аз ӯ бигирад.
Дигар он ки: Як одам мехоҳад, ки ҳамроҳ бо ӯ ташрики масои намояд. Бо ту машварат мекунад. Ту низ танҳо барои маслиҳат бидуни кадом ғараз барои адои ҳақ машварат бигӯйи ки: Бо ӯ ташрики масои макун. Чунки зарар хоҳӣ дид.
Дигар он ки : Мақсадаш, на таҳқир ва ташҳир, балки мақсадаш, барои таъриф ва шиносонидан бигуяд: “Он одами ланг ва сарсарӣ ба фалонҷо рафт.”
Дар ниҳоят: Он шахси ғайбат шаванда одами фосиқе бошад, ки ошкоро гуноҳ мекунад. Яъне аз зиштиҳо бадаш наояд, балки бо гуноҳҳои худ, ифтихор мекунад, аз зулми худ лаззат мегирифт. корашро ошкорона но виҷдонона анҷом бидиҳад. Яъне хулосаи калом: Ғайбат ба ҳаққи он гуна ашхос ҷоиз шуда метавонад, ки дар фисқ машҳур шуда бошанд ва дар гуноҳ кардан ифтихор кунанд. Аз зулм лаззат бигиранд.
Инак, дар ин моддаҳои махсус, ки дар боло зикр шуд, беғараз, танҳо барои ҳақ ва маслиҳат, ғайбат ҷоиз шуда метавонад. Вагарна, ғайбат, читавре, ки оташ ҳезумро хӯрада тамом мекунад, ғайбат низ амалҳои солеҳро хӯрда тамом хоҳад кард.
Агар касе ғайбат кунад ва ё инки майл карда гӯш кунад, он вақт бояд, ки اَللّٰهُمَّ اغْفِرْلَنَا وَ لِمَنِ اغْتَبْنَاهُ
бигуяд, баъдан ба он шахсе, ки дар борааш ғайбат шуда буд, чӣ вақт бархурд кунад бояд бигуяд, ки “ҳаққи худро ҳалол кун.”
اَلْبَاقٖى هُوَ الْبَاقٖى
Саъид Нурсӣ
***
Ин порча бисёр бо аҳамият аст
Нуқтаи аввал:
Ҷаноби Ҳақ аз камоли карами худ ва аз марҳамату адолати худ, дар дохили некии дар ҳолӣ, як мукофот ва дар дохили зиштиҳои дар ҳолӣ, як ҷазо дарҷ кардааст. Барои баёд овардани савоби охират дар дохили ҳасанот, лаззатҳои маънавиро, барои эҳсос кардани азоби охират, дар дохили гуноҳҳо чизҳои маънавиро дарҷ кардааст.
Масалан: Дар мобайни мӯъминҳо муҳаббат, барои аҳли имон як ҳасанаи хуб аст. Дар дохили он ҳасана барои баёд овардани савоби моддии охират, лаззати маънавӣ, завқ, кушода шудани қалб дарҷ шудааст. Ҳаркас ба қалби худ муроҷиат кунад, ин завқро ҳис хоҳад кард.
Масалан: Дар мобайни мӯъминон хусумат ва адоват, гуноҳ мебошад. Дар дохили он гуноҳ, қалб ва рӯҳро бо нороҳатиҳои хафа кунанда азоби виҷдониро ба рӯҳҳои олиҷаноб ҳис хоҳад кард. Ман шахсан худам балки аз сад маротиба зиёдтар таҷриба кардаам ки: Агар ба як бародари мӯъмини худ адоват мекардам ба сабаби он адоват он гуна азоб мечашидам, ки шубҳа намегузошт, ки ба ин гуноҳи дар ҳолӣ, як ҷазои дар ҳолист, болои ман кашонида мешавад. Дар он бадӣ, Худо (ҷ) як азоби маънавии хафакунандаи қалбӣ ва рӯҳӣ дарҷ кардааст.
Масалан: Ба зотҳое, ки ба ҳурмат лоиқанд ҳурмат ва ба касоне, ки лоиқи марҳаматанд марҳамат як ҳасана ва некӣ аст. Дар ин некӣ ба дараҷаи эҳсос кардани савоби ухравӣ, онгуна як завқи бо лаззат мавҷуд аст, ки ин завқ ба дараҷаи фидо кардани хаёти худ он ҳурмату марҳаматро ба пеш меорад. Як модар ба хотири хизмат ба фарзандҳояш ва аз марҳамат ва шафқат болои фарзанди худ онгуна як завқ ва лаззат мегирад ва то ба дараҷае мерасад, ки бахотири он авлоди худ, ҷони худро фидо мекунад. Мурғе, ки барои наҷот додани аввлоди худ, худро болои шери дарранда меандозад, аз олами ҳайвонот ба ин ҳақиқат як мисоли бориз (ошкор) мебошад. Пас маълум мешавад, ки дар марҳамат ва ҳурмат як мукофоти дарҳолӣ мавҷуд аст. Инсонҳои олиҷаноб ва олиҳиммат онро ҳис мекунанд, ки қаҳрамонона як вазъият мегиранд.
Ҳам масалан: Дар ҳирс ва исроф онгуна як ҷазое мавҷуд аст, ки боиси як ҷазои қалбӣ, маънавӣ, шикояти кунҷковӣ ва нигарони мегардад, ки инсонро сарсом ва аблаҳ месозад. Ва дар ҳасад онгуна як ҷазои дарҳолӣ мавҷуд аст ки: Он ҳасад, ҳасад кунандаро месӯзонад.
Ҳам дар таваккул ва қанот онгуна мукофот мавҷуд аст ки: Он савоби бо лаззати дарҳолӣ, балои фақру ҳоҷатро дафъ мекунад.
Ҳам масалан: Дар ғурур ва кибр онгуна як бори сангин мавҷуд аст ки: Одами мағрур аз ҳар кас ҳурмат мехоҳад, аз сабаби он талаби ҳурмат, вақте ки беаҳамиятӣ бубинад, доимӣ азоб мекашад. Бале ҳурмат дода мешавад, хоста намешавад.
Ҳам масалан: Дар тавозуъ ва дар тарки аноният ва худхоҳӣ ва худбинӣ онгуна як мукофот мавҷуд аст, ки инсон худро аз зери бори сангин ва шахс худро аз хунук назарӣ ба дигарон наҷот медиҳанд.
Ҳам масалан: Дар суизан ва суитаъвил яъне дар гумони бад, ва таъвили бад дар ин дунё як ҷазои дарҳолӣ мавҷуд аст бо қоидаи «Ман даққа дуққа» касе, ки суизан кунад ба суизан дучор мегардад. Касоне, ки ҳаракоти бародарони мӯъмини худро таъвили суъ карданд, дар замони бисёр наздик ҳаракоти эшон ба тавил суъ дуҷор мешаванд, ҷазоашро хоҳанд кашид. Ва ҳоказо… тамоми ахлоқи ҳасана ва бад бо ин муқоисаҳо андоза бояд шавад.
Ман аз раҳмати Илоҳӣ умед мекунам, ки он зотҳое, ки аз эъҷози маънавии Қуръон, ки дар ин замон ба воситаи Рисолаи Нур зуҳур кардааст. Ин завқи маънавиро ҳис карда, ба бадахлоқӣ мубтало нахоҳанд шуд, Иншоаллоҳ…
***
Нуқтаи сеюм
Як дасисаи шайтоние, ки ҳаёти иҷтимоии инсонро фасод мекунад инаст, ки: Танҳо бо як гуноҳ ва бадӣ як мӯъмин, тамоми некиҳо ва ҳасаноти вайро мепӯшонад. Он беинсофҳое, ки ба гапҳои шайтон гӯш медиҳанд, ба мӯъмин адоват мекунанд. Дар ҳоле, ки Ҷаноби Ҳақ дар ҳашр бо адолати мутлақ дар мизони акбари худ дар вақти вазни аъмоли мукаллафон, ҳасанотро, ба гуноҳҳо ғолибиятро, аз нуқтаи мағлубият содир мекунад. Ҳам сабаби зиёд будани асбоб ва осон будани вуҷуди гуноҳҳо, баъзан Ҷаноби Ҳақ барои як ҳасана бисёр бадиҳоро мепӯшонад, яъне афв мекунад. Пас дар ин дунё низ аз нуқтаи он адолати мутлақ, ки Ҷаноби Ҳақ ба он амр кардааст муомила кардан лозим мебошад. Агар некии як шахс назар ба бадияш, аз назари каммият ва ё кайфият зиёд биёяд, пас он шахс лоиқ ба муҳаббат ва ҳурмат мебошад. Ҳатто ба сабаби кардани як некии бо арзиши вай балки бо як некӣ ва ҳасанаи қиматдор, бисёр гуноҳҳо ва бадиҳои вай бо назар афв нигоҳ кардан лозим мебошад. Дар ҳоле, ки инсон он раги зулме, ки дар фитрат ва сиришти ӯ мебошад ва ба воситаи талқини шайтон сад некии як шахсро ба сабаби як бадии ӯ фаромӯш мекунад, ва ба он бародари мӯъмини худ адоват мекунад, ба он сабаб муртакиби гуноҳ мегардад. Читавре, ки боли як магас болои чашм раҳо шавад, як кӯҳро сатр мекунад ва нишон намедиҳад. Он тавр низ инсон бо он раги ғаразкоронаи худ як бадие, ки ба андозаи боли магас мебошад, ба сабаби он бадӣ як некии бузург монанди кӯҳро мепӯшонд ва фаромӯш мекунад. Ба бародари мӯъмини худ адоват мекунад. Дар ҳаёти иҷтимоии инсонҳо як олати фасод мегардад.
***
Калимаи чаҳорум
Натиҷаи он чи, ки ман дар ҳаёти худ аз зиндагии ҳаёти иҷтимоии башар бо истифода аз таҳқиқот бадаст овардаам инаст, ки: Ба муҳаббат лоиқ аз ҳама чиз, муҳаббат мебошад ва ба хусумат аз ҳама чиз лоиқ карда, хусумат мебошад. Яъне бо муҳаббате, ки бо саодат ва амният, ҳаёти башарро таъмин мекунад бояд, ки муҳаббат шавад. Бо хусумате, ки боиси ҳарҷу марҷ ва кашмакаш ва беамниятӣ ва харобии ҳаёти зиндагии башар мегардад, бояд ки адоват ва душманӣ шавад. Ин ҳақиқат дар Мактуби Бисту Дуввуми Рисолаи Нур бо эзоҳаш баён шудааст. Ба он хотир дар ин ҷо каме ишорат мекунем. Интавр ки:
Замони адоват, душманӣ ва хусумат гузашт. Ду Ҷанги Ҷаҳонӣ нишон дода, ки душманӣ ва адоват чӣ қадр бад ва зулми бузурги бо даҳшатаст. Дар ин ҷангҳо ҳеҷ як фоида мулоҳиза нашуд. Бинобар ин бар зидди бадиҳои душманони шумо ба шарти бетаҷовуз бояд, ки сабаби ҷалби адоват ва душмании шумо нагардад. Барои онҳо ҷаҳаннам ва азоби илоҳӣ кофист.
Баъзан инсон ба воситаи нафс ва ғурури худ ва ба гумони инки гӯё, ки ӯ бо ҳақ бошад бо бародари мӯъмини худ душманӣ ва адоват мекунад. Дар ҳале, ки ӯ қатъан ҳақ надорад, ки бо бародари мӯъмини худ адоват ва душанӣ кунад. Бо бародари мӯъмини худ ба ҷои муҳаббат адоват кардан, имон ва исломият, ки дар миёни мӯъминон сабаби муҳаббат мебошад, онро истихфоф ва таҳқир кардан аст. Ва қиматҳои онҳоро танзил кардан ва ба поён овардан аст. Сабабҳои беаҳамияти адоватро ба сабабҳои бисёр боаҳмият муҳаббат тарҷеҳ кардан як девонагӣ аст. Модоме, ки муҳаббат ва адоват зидди якдигаранд, ҷамъ шудани ҳақиқии онҳо мумкин нест. Сабабҳои кадом аз инҳо ғолиб шавад ба сурати ҳақиқӣ дар қалб ҷой хоҳад гирифт. Масалан: Муҳаббат ба сурати ҳақиқӣ дар қалб ҷо бигирад, он вақт адоват ба марҳамат ва шафқат табдил мешавад. Ба муқобили мӯъминон ҳол инаст. Вақте, ки адоват ба сурати ҳақиқӣ дар қалб ҷо бигирад, он вақт муҳаббат ба тасаннӯъ ва тамаллуқ ва чоплуси табдил мешавад. Яъне ба сурати дӯстии зоҳирӣ табдил мешавад. Ин ҳол ба муқобили аҳли залолат дар вақти адами таҷовуз вақеъ шуда метавонад. Чунки имон, исломият, ҷинсият ва инсоният, ки занҷирҳо ва қалъаҳои қавӣ ва нурони мебошад, ки сабабҳои ташкили муҳаббат мешавад. Ба муқобили мӯъминон сабабҳои адоват аз миёни сабабҳои хусусӣ бармехезад, ки он сабабҳои хусусӣ ба сагҳои хурд ва майда шабоҳат дорад. Пас он кас, ки бо маънои ҳақиқӣ бо мусулмон адоват кунад, бо сабабҳои муҳаббате, ки монанди кӯҳҳо мебошад, истихфоф ва таҳқир мекунад. Бисёр як кори зишт ва хато мекунад.
Элҳосил: Муҳаббат ва дӯст доштан, мизоҷ ва ахлоқи Исломият аст, ва робитаи онҳо аст. Аҳли залолат ва гумроҳ, ба як тифли бадмизоҷ ва бадахлоқ монанд аст, ки гиря кардан мехоҳад, чизеро ҷустуҷӯ мекунад, ки ба баҳонаи он гиря кунад. Як чизи беаҳамият монанди боли магас ба гиря кардан вай баҳона мешавад. Ҳам ба як одами бадбин ва бадандеш шабоҳат дорад, то вақте, ки имкони суизан бошад ҳусни зан кардан намехоҳад. Бо як гуноҳ ва бадӣ, даҳ ҳасана мепӯшонад. Ин бошад дуруст нест. Зеро инро инсоф ва ҳусни зан, ки одат ва ахлоқи Исломият аст, рад мекунад.
***
Бародарони азиз ва сиддиқам!
Як андешае, ки дар қалбам якбора омада буд, барои шумо баён мекунам.
Аҳли залолат, дар ҳоле, ки бо шамшери алмос монанди Рисолаи Нур муқобила карда наметавонанд, дар дохили шогирдони Рисолаи Нур аз ҷиҳати дарди маишат ва аз ҷиҳати ғафлати мавсими баҳор истифода карда, аз мухолифати машраб, ахлоқҳо ва аз ҳиссиёти шогирдони Рисолаи Нур истифода намуда рагҳои заифияшонро ба даст оварда дар дохили шогирдони Рисолаи Нур тасонуд, иттифоқ ва иттиҳодро барҳам задана хароб карданро мехоҳанд, ки ин кори зишти эшонро ҳис ва дарк кардам.
Зинҳор! Бисёр диққат намоед! Дар дохилатон зиддият ва ҷудои наёяд. Инсон аз хато холӣ нест. Фақат дарвозаи тавба боз аст. Вақте, ки нафс ва шайтон шуморо ба муқобили бародаратон ба эътироз ва танқид савқ кунад, шумо бигуед ки: “Мо натонҳо ин ҳуқуқи ҷузъии худро, балки ҳаёт ва зиндагӣ ва ҳайсияти худро ва саодати дунёи худро низ дар ҳифз ва ҳимоят, тасонуд, як порчагӣ, иттиҳод ва иттифоқи робитаи муҳками Рисолаи Нур барои фидо кардан мукаллаф ҳастем. Ба эътибор натиҷаҳое, ки Рисолаи Нур барои мо ҳосил кардааст, ба сабаби он чизҳое, ки оид ба дунё ва аноният ва худ хоҳӣ мебошад, ки ҳама ин чизҳоро фаромӯш кардан вазифаи мо мебошад” гуфта нафсҳои худро хомӯш кунед. Агар қобил ҷангу ҷангҷол кадом масъала бошад, он вақт бо якдигар машварат кунед бисёр сахт нагиред. Ҳаркас дар як машраб ва хулқ ва ахлоқ намебошад. Ҳоло бо мусомаҳа ва гузашт ба якдигар нигоҳ кардан лозим ва лозимтар аст.
Ба умуми бародарони худ як як салом мегуем.
Саъид Нурсӣ
***
[Ба хотири ухувват ва бародари як дастурро баён мекунам, ки он дастурро ҷиддан бояд, ки дар назар бигиред.]
Ҳаёт, натиҷаи ваҳдат ва иттиҳод аст. Вақте, ки итиҳод имтизоҷкорона аз байн биравад, ҳаёти маънавӣ низ аз байн хоҳад рафт. Монанди ишораи ояти карима 11وَلَا تَنَازَعُوا فَتَفْشَلُوا وَتَذْهَبَ رٖيحُكُمْ
агар тасонуд, яъне ҳамкории ду ҷониба барҳам хурад, мазза ва ширинии ҷамоат низ хоҳад рафт. Медонед, ки се алиф ҷудо ҷудо навишта шавад се мешавад. Агар ин се алиф а шакли тасонуд бо ҳам шона ба шона бидиҳанд яксаду ёздаҳ мешаванд. Агар шумо се чаҳор ходими ҳақ агар ҷудо – ҷудо бидуни тасонуд ва иттиҳод бошед, аз ҷиҳати бидуни тақсими амолҳо ба қадри се чаҳор одам хоҳед шуд. Агар бо ухуввати ҳақиқӣ бо фазилатҳои якдигар бо як тасонуди ифтихорӣ ва ё як сирри туфонӣ айни ягдигар шуда ҳаракат кунед, он чаҳор одам ба қиммат ва қувват чаҳорсад одам хоҳед шуд. Шумо натанҳо дар танвир ин Испартаи бузург, балки дар танвири ин мамлакати бузург мошин корҳои (мошинистҳои) барқӣ мебошед. Чарғҳои мошинҳо маҷбур ба як мувазана мебошанд. Ин чархҳо ба якдигар на ҳасодату бахилӣ, баръкас бо қуввати бисёри якдигар мамнун мешаванд. Як чарх, ки бо шуур фарз кунем, як чархи боқувват дигарро бубинад мамнун хоҳад шуд. Чунки вазифаи вайро тахфиф мекунад. Он зотҳое, ки дар шонаҳояшон хизмати ҳақ ва ҳақиқат, Қуръон ва Имонро бардоштаанд, ҳар қадар, ки ба зери шонаҳои боқувват доҳил шаванд ифтиҳор мекунанд, миннатдор мешаванд, шукр мекунанд. Зинҳор ба якдигар дарвозаи танқидро боз накунед! Барои танқид кардан, хориҷ аз бародаронатон дигар доира низ зиёд аст. Читавре, ки ман бо маззияту бартарӣ ва шоистагии шумо ифтихор мекунам, вақте ки аз он маззият ва бартарӣ маҳрум бимонам ҳам, бахотири ин, ки ин маззият ва бартариро дар шумо бубинам мамнун шуда аз худам меҳисобам, шумо низ аз назари устодатон ба якдигар бояд, ки нигоҳ кунед. Одато ҳар як кадоматон ба фазилати бародари дигаратон ношир бошед.
Яке аз бародарони мо ба номи Ҳофиз Алӣ, ки дар деҳаи Исломи вилояти Испарта зиндагӣ дорад, дар ҳаққӣ, яке аз бародари дигари мо, ки дар нашр ва пахши Рисолаи Нур ба ӯ рақиб хоҳад шуд, ҳисси бародаронаи Ҳофиз Алиро дар ҳаққӣ он бародари дигари мо хелеҳо бо аҳамият ва қиматдор дида хостам, ки ба шумо низ баён кунам.
Он зот ба наздам омад, ман барояш гуфтам: «Хати фалон бардарӣ мо аз хати ту хеле хуб аст. ӯ бисёр зиёд хизмат хоҳад кард.» Дидам, ки Ҳофиз Алӣ бо камоли самимият ва бо ихлос ва бо тафаввуқ ва болои он бародари мо ифтихор кард. Талаззуз намуд ва хушҳол шуд. Ҳам ин ки вай назари муҳаббати устоди худро ҷалб карда буд хеле мамнун шуд. Ба қалби вай диққат кардам худнамои не, балки самимӣ буданашро хис кардам. Ба Ҷаноби Ҳақ шукр кардам, ки дар дохили бародаронам ингуна бародарон ҳам ҳаст, ки ҳамлкунандаи ин ҳисси олӣ мебошанд. Иншоаллоҳ ин ҳис як вазифаи бузургӣ хоҳад дид. Алҳамдулиллоҳ. Оҳиста – оҳиста он ҳисс ба бародарони мо, ки дар ин ҷавор ва атроф ҳастанд низ сироят мекунад.
***
بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ
Бародарони азиз ва сиддиқам!
Дар ин дунё, хусусан дар ин замон, дилтангиҳо, нороҳатиҳо, беҳавсалагиҳо, ғаму ғуссаҳо ва маъюсиятҳои бо даҳшате, ки хусусан ба мусибат афтодагон ва билхосса шогирдони Рисолаи Нур ба он дучор шудаанд, ба муқобили ин маюсиятҳо ва мушкилоти чораи хеле бо таъсир; ба якдигар тасалӣ ва фарох додан ва қувваи маъновиашро тақвия кардан, ва монанди як бародари ҳақиқӣ ва вафодор, ба ғаму ғуссаҳои якдигар марҳам ниҳодан ва бо шафқати том, қалби ғамгин ва маҳзуни якдигарирро навозиш ва дилдорӣ кардан аст. Ухуввати ҳақиқӣ ва ухравие, ки мобайни мо ҳаст, ранҷидан ва тарафгириро намебардорад. Модоме, ки ман ба шумо бо тамоми қуввати худ эътимод карда камари худро баста карда ба хотири шумо на танҳо истироҳати худро ва хайсият ва шарафи худро, балки бо мамнуният ва хушҳолӣ, рӯҳи худро низ фидо кардани маро медонед ва балки ҳам мебинед. Ҳатто бо қасам тамин мекунам, ки ҳашт рӯз мешавад, ки ду шогирди Рисолаи Нур, ки ду рукн ва асос ва пояи Рисолаи Нурро ташкил мекунанд, ба сабаби як воқеаи бе аҳамият зоҳирӣ баҷои ин, ки ба якдигар тасалли бидиҳанд, аз якдигар хафа шудаанд. Ин воқеаи беаҳамият дар ин вақт қалби маро азоб медиҳад ва аз ҷиҳати ин азоб:
Эйво! Эйво! Аламон! Аламон! Ё Арҳамарроҳимин мадад! Моро муҳофизат кун! Моро аз шарри шайтонҳои инси ва ҷинни наҷот бидеҳ! Қалбҳои бародаронамро ба муқобили якдигар том бо садоқат ва муҳаббат ва бо ухувват ва шафқат пуркун! Гуфта ҳам қалбам ҳам рӯҳам ҳам ақлам фарёд карда гиря карданд.
Эй бародарони устувори оҳанинам! Ба ман кумак кунед, масъалаи мо бисёр нозук аст. Ман ба шумо бисёр бовар мекардам, ки тамомои вазифаҳои худро бо шахси маънавии шумо супорида будам. Шумо низ бо тамоми қуввати худ ба мадад ва кумаки ман бояд, ки бишитобед. Гар чи ҳодисаатон бисёр хурд ва ҷузъи буд. Фақат як мӯйи борик ва ё як заррае, ки болои чашми мо ва ё болои ақрабаки соати мо биафтад, моро озурда месозад. Ва ин нуқта низ бо аҳмият аст, ки се чизи моддӣ таркида ва се мушоҳидаи маънавӣ тамоман хабар доданд.
Саъид Нурсӣ
***
بِاسْمِهٖ سُبْحَانَهُ
Бародарони азиз, сиддиқ ва мухлисам!
Мо дар доираи имкан, бо тамоми қуввати худ дастурҳои Ламъаи Ихлосро ва сирри ихлоси ҳақиқиро дар моёни худ ва ба муқобили якдигар бояд, ки истеъмол кунем. Ба хотире, ки ин ба дараҷаи вуҷуб ва лозимият омадааст. Қатъи хабар гирифтам, ки се моҳ мешавад се нафар ба хотири ин ки дар миёни бародарони хоссе, ки дар инҷо ҳастанд, ба сабаби масъалаҳои ҷузъӣ барои ба роҳ андохтани адоват ва нифоқ миёни эшон таъин шудааст. Ҳам шогирдони матин ва устувари Рисолаи Нурро бо дилхунук кардан ва хаста кардан аз Рисолаи Нур ва ононе, ки дили нозук ва бе таҳаммул доранд, ба авҳом ва хаёлот андохта бахотири аз хизмати нурия мунсариф кардан бидуни кадом сабаб маҳкамаи моро ба дарозо меандозанд.
Зинҳор! Зинҳор! Он самимят ва муҳаббате, ки то акнун дар миёнатон идома дорад набояд, ки канда шуда ва набояд, ки такон бихӯрад. Як зарра ҳам бошад барои мо як зарари бузургро ба бор меоварад. Агар хизмати Қуръонӣ ва Имонӣ бихоҳад, мо барои якдигар лозим шавад, рӯҳи худро низ фидо мекунем. Фидокорҳои ҳақиқӣ на ба муқобили якдигар ба қаҳр кардан ва хафа шудан, балки бо камоли маҳвияту бо таслимият ва бо тавозӯъ қусурро ба худ мегирад; муҳаббат ва самимияти худро ба изофа кардан кӯшиш мекунад. Вагарна, ҳабба қубба шуда то ҷое хоҳад расид, ки таъмири он имкон нопазир хоҳад шуд. Ва як зарари таъмири нопазир ба бор хоҳад оварад. Инро ба фаросату заковати шумо ҳавола карда ҷумларо кӯтоҳ мекунам.
Саъид Нурсӣ
***
Аз бародарони худ риҷо мекунам ки:
Аз бе ҳафсалагӣ ва ё аз дилтангӣ ва ё аз ҳассосият ва ё аз фирефта шудан ба дасисаҳои нафсу шайтон ва ё аз бе шуурии суханҳои зишт ва баде, ки аз дӯстон ва рафиқонатон ба вуқӯъ мепайвандад, ҳафа нашавед. Нагуед, ки «ба ҳайсияти ман тамос кард». Ман он суханҳои зишт ва бадро ба худ мегирам, агар ҳазор ҳайсият дошта бошам, ба муҳаббат ва самимияте, ки миёни бародаронам мебошад фидо мекунам.
Саъид Нурсӣ
***
Тарҷумаи кӯтоҳи маънои оятҳои Қуръони Карим
- Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
- Ҳар оина (Албатта) мӯъминон бародаронанд. Миёни бародаронатон оштӣ андозед … (сураи «Ҳуҷурат» ояи 10) …Ҳамеша ба некӯтарин тарзе ҷавоб деҳ, то касе, ки миёни туву ӯ душманӣ аст, чун дӯсти меҳрубони ту гардад. (сураи «Фуссилат», ояи 34) Он касон, ки дар тавонгариву тангдастӣ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурӯ мехӯранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад! (сураи «Али Имрон» ояи 134)
- …ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳӣ дигареро бар душ намекашад… (сураи «Анъам», ояи 164)
- … дар ҳақиқат одами ситамкор ва кофири неъмат аст! (сураи «Иброҳим», ояи 34)
- Ва онон, ки ба дурӯғ шоҳидӣ намедиҳанд ва чун бар нописандӣ бигзаранд, ба шитоб аз он дурӣ меҷӯянд. (сураи «Фурқон», ояи 72) … Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашон пӯшида доред, Худо бахшояндаву меҳрубон аст! (сураи «Тағабун», ояи 14)
- Ба Худо паноҳ мебарам аз шайтон ва сиёсат.
- Ҳар оина (Албатта) мӯъминон бародаронанд… (сураи «Ҳуҷурат» ояи 10)
- Худост рӯзидиӣанда. Ва Ӯст соӣиби қуввате сахт устувор. ( сураи «Аззарият» ояи 58) Чӣ бисёр ҷунбандагоне, ки тавони таҳсили рӯзии худ надоранд ва Худо онҳоро ва шуморо рӯзӣ медиҳад. Ва Ӯ шунавову доност! (сураи «Анкабут» ояи 60)
- Муназзаҳӣ (покӣ) Ту. Моро ҷуз он чӣ Худ ба мо омӯхтаӣ, донише нест. Тӯӣ донои ҳаким! (сураи «Бақара» ояи 32)*
- … Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад?.. (сураи «Ҳуҷурат» ояи 12)
- …ва бо якдигар ба низоъ бармахезед, ки нотавон шавед ва қуввати шумо биравад. (сураи «Анфал» ояи 46)